Олмон дар остонаи тасвиби қонуни ҷадиде барои додани шаҳрвандӣ аст, ки гирифтани тобеияти ин кишварро барои хориҷиҳо осонтар мекунад. Гуфта мешавад, ки ин қонун, дар чаҳорчуби ислоҳи сиёсатҳои муҳоҷиратӣ ва бо ҳадафи тақвияти нерӯи кории рӯ ба коҳиш дар ин кишвар таҳия шудааст.
Бар асоси пешнависи ин қонун, ки қарор аст дар парлумон ба баҳс гузошта шавад, ба мардум ин имкон дода мешавад, ки на танҳо пас аз панҷ соли иқомат дар Олмон (ба ҷойи ҳашт соли феълӣ) барои шаҳрвандӣ дархост диҳанд, балки афроди дорои маҳорат дар забони олмонӣ пас аз се сол метавонанд барои дарёфти шаҳрвандии ин кишвар дархост диҳанд.
Олмон ҳамчунин қонуни мамнуъияти доштани чандтобеъиятиро барои тақозокунандагони шаҳрвандӣ, ки аз кишварҳое ғайр аз Иттиҳодияи Аврупо ҳастанд, лағв мекунад. Ин масъала хатти қирмизи бисёре аз муҳоҷирон будааст ва ба ин тартиб муҳоҷирон дигар маҷбур нестанд тобеъияти кишвари худро лағв кунанд.
Ҳамчунин бар асоси ин пешнавис, монанди системи имтиёзии Канада, вуруди коргарони моҳир бо вуҷуди надоштани дипломҳои ҳирфаӣ ба Олмон осонтар мешавад ва дар иваз доштани таҷрибаи кории муносиб ва пешниҳоди шуғлӣ, аҳамияти бештаре меёбад.
Ин пешнавис, бузургтарин тағйирот дар қавонини додани шаҳрвандӣ дар Олмон аз соли 2000 маҳсуб мешавад. Дар он сол фарзандони мутаваллидшуда аз волидайни муҳоҷир дар Олмон барои аввалин бор имкони дарёфти шаҳрвандиро пайдо карданд.
Ин сиёсатҳо аз маҷмӯаи сиёсатҳои иҷтимоии давлати эътилофии сеҳизбии Олмон аст, ки қавл додааст солона 400 ҳазор коргари хориҷии моҳир ҷалб кунад то мушкили камбуди нерӯи кор дар бахшҳои калидии иқтисоди ин кишвар ҳал шавад.
Кишвари модерни муҳоҷиратӣ
Ҷамъияти Олмон дар соли 2022 ба 84.3 миллион нафар расид, ки далели он афзоиши бесобиқаи сатҳи муҳоҷират, аз ҷумла паноҳандагони укроинӣ будааст. Бо ин ҳол, бо хурӯҷи коргарони синнашон боло аз бозори кор, ин кишвар бо буҳрони нерӯи кор рӯ ба рӯ шудааст.
Як назарсанҷӣ дар январ нишон дод, ки беш аз ниме аз ширкатҳои олмонӣ ба далели камбуди коргарони моҳир, барои пур кардани ҷойҳои холишудаи кории худ бо мушкил мувоҷеҳ ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол, касби тобеъият дар ин кишвар дар муқоиса бо дигар кишварҳои аврупоӣ камтар аст; Ба таври мисол дар соли 2020 аз ҳар ҳазор нафар танҳо 1.3 нафар муваффақ ба касби шаҳрвандии Олмон шуда дар ҳоле ки ин рақам дар саросари Иттиҳодияи Аврупо 1.6 нафар будааст.
Ҳудуди 10 миллион нафар (тақрибан 12 дарсад) аз ҷамъияти 80 миллионии Олмон дар ҳоли ҳозир бидуни паспорти олмонӣ дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд, ки аз имтиёзоти асосӣ монанди ҳаққи раъй ё кор дар бахше аз машоғили давлатӣ бебаҳра ҳастанд.
Ҳамчунин дар Берлин пойтахти Олмон, дар солҳои ахир ба далели қавонини шаҳрвандӣ, ҳудуди як севуми сокинон аз ширкат дар интихобот маҳрум буданд.