Дар Тоҷикистон аз 14 то 17 майи соли равон ҳавои гарму хушк пешбинӣ шудааст.
Дар баъзе минтақаҳо шамол шиддат мегирад ва ҳарорати ҳаво дар баъзе ҷойҳо метавонад ба 41°C расад.
Дар вилояти Суғд ин ҳафта боришот нест, вале ҳаво каме абрнок аст. 17 май дар минтақаҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ шудааст. Шамол дар самти шарқ 49 м/с, дар баъзе ҷойҳо то 15 м/с мешавад. Ҳарорат шабона дар водиҳо аз +18 то +23°, рӯзона то +33, +38° мешавад. Дар кӯҳҳо шабона аз +6 то +11°, рӯзона аз +23 то +28°хоҳад буд.
Дар вилояти Хатлон ҳаво гоҳ-гоҳ абрнок ва хушк мешавад. Шамол дар самти шарқ, 49 м/с, ва 17 май он то 15-20 м / с зиёд мешавад. Ҳарорати шабона дар водиҳо аз +19 то +24° ва рӯзона то +36…+41°хоҳад буд. Дар кӯҳҳо шабона +15+20°, рӯзона +27+32°хоҳад буд.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, боришот нест. Шамол дар самти шарқ, 49 м/с. Ҳарорат шабона дар водиҳо аз +18 то +23°, рӯзона то +33…+38°. Дар кӯҳҳо шабона аз +10 то +15°, рӯзона аз +28 то +33° мерасад.
Дар вилояти Бадахшон ҳаво тағйирёбанда буда, дар ин рӯзҳо боришот пешгӯӣ нашудааст. Шамол дар самти шарқ, 7-12 м/с. Ҳарорат дар ғарби ВМКБ шабона аз +8 то +13°, дар баъзе ҷойҳо то +16+18°, рӯзона аз +24 то +29°, дар баъзе ҷойҳо то +32+34°. Дар шарқ шабона аз -2 то +3°, дар рӯз аз +13 то +18° хоҳад буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube