Субҳи имрӯз, 2 июн раисумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар Саммити дуюми сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» ба шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон сафар кард.
Сафари Раҳмон ба Қирғизистон, бо гумони ғолиб ба ҳавопаймои 93 миллиондолларӣ, дар пайи хомӯшии комили ӯву ҳукуматаш нисбати таъқиб, таҳқир ва латукӯби ҳазорҳо тоҷик дар Русия дар ду ҳафтаи ахир сурат мегирад.
Тибқи иттилоъи дафтари матбуотии раисҷумҳур, дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии раисҷумҳур оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, вазири рушди иқтисод ва савдо ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.