Хадамоти амниятии федералии Русия (ФСБ) иддао кардааст, ки Ожонси амнияти миллии Иёлоти муттаҳида аз тариқ як бадафзор (ПО) дар Айфон ба амалиёти иттилоотӣ алайҳи Маскав даст задаанд.
ФСБ-и Русия гуфтааст, ки дар ҷараёни бозрасии зерсохтҳои мухобиротии кишвар, бадафзори ношинохтаеро рӯй ҳазорон гӯшии Айфон кашф карда, ки барои ҷосусӣ истифода мешудаанд.
Бинобар ба гуфтаи ин ниҳод, барномаи вирусие, ки бар рӯйи дастгоҳҳои телефони ҳамроҳи Apple насб мешуда аз ҳуфраҳои амниятии нармафзори осебпазир суъистфода мекардааст.
Дар баёнияе, ки Хадамоти амниятии федералии Русия, ҷонишини КГБ дар даврони Шӯравӣ, мунташир карда омадааст: “мушаххас шуд чандин ҳазор гӯшӣ аз ин вирус олуда шудааст. Олудагӣ танҳо маҳдуд ба муштаракони дохилӣ набуда ва телефони муштаракини хориҷӣ дар намояндагиҳо ва сафоратҳои дипломатик дар Русия (аз ҷумла сафоратхонаҳои НАТО), кишварҳои тоза истиқлол ёфта пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ва ҳамчунин Исроил, Сурия ва Чинро низ шомил мешудааст.”
Мақомоти амнияти Русия гуфтаанд иттилооти ба даст омада нишон аз “ҳамкории наздик байни Эпл ва хадамоти иттилоотии Иёлоти муттаҳида ба вижа Ожонси амнияти миллии Амрико” дорад. Онҳо Эплро муттаҳам кардаанд, ки сиёсати эъломшудааш дар кафолати ҳифзи ҳарими хусусӣ ва иттилооти шахсии корбарон “бо воқеият мутобиқат надорад”.
Вазорати хориҷаи Русия низ дар баёнияе гуфтааст: “хадамоти иттилоотии Иёлоти муттаҳида барои чандин даҳа аз маҳсулоти ширкатҳои фановарӣ барои ҷамъоварии додаҳои корбарони интернет дар миқёси бузург ва бидуни иттилоъи онҳо истифода кардаанд.”
Мақомоти амниятии Русия дар бораи ин бадафзор ва наҳваи кори он ҷузъиёти бештареро фош накардаанд. Ҳамчунин ҳанӯз мушаххас нашудааст, ки Маскав чи гуна ин иттилоотро ба даст овардааст.
Ширкати Эппл ва ҳамин тавр мақомоти амнияти Амрико ҳанӯз нисбат ба ин гузориш вокунише нишон надодаанд.
Бар асоси шохиси қудрати сайберии донишгоҳи Ҳарворд, Иёлоти муттаҳида бартарин қудрати сайберии ҷаҳон аст ва пас аз он Чин, Русия, Бритониё ва Австралия қарор доранд.
Пештар ва каме пас аз эъзоми нерӯҳои Русия ба Укроин дар соли гузашта, ҷосусони Иёлоти муттаҳида ва Бритониё фош карданд ба иттилооте даст ёфтаанд, ки нишон медиҳад Владимир Путин раисҷумҳури Русия қасди ҳамла ба Укроинро дорад.