Теъдоди қурбониёни инфиҷори бомб дар наздикии як ҳавза раъйгирӣ дар Кветаи Покистон ба 31 кушта ва 30 захмӣ афзоиш ёфт.
Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, муҳоҷими интиҳорӣ ҳангоме бо мамониъати пулис дар вақти вуруд ба як мадраса, ки ба унвони яке аз ҳавзаҳои раъйгирии шаҳри Квета, маркази аёлати Балучистон маврид истифода қарор гирифтааст, дучор шуд, бомби худро фаъол карда ва дар асари инфиҷори он 31 нафар ҷон бохта ва 30 тан захмӣ шудаанд.
Ин инфиҷор ба маҳалли таваққуфи минибуси ҳомили маъмурини пулис ва иҷтимоъи шаҳрвандон наздик будааст.
Ҳамлаи мазкурро гурӯҳи террористии Доъиш бар ӯҳда гирифт.
Абдурразоқ Чима, раис пулиси Квета ба хабарнигорон гуфт: 5 тан аз қурбониён маъмури пулис буданд. Бо таваҷҷуҳ ба вазъи хеле бади бархе маҷрӯҳон, нигаронӣ нисбат ба афзоиши теъдоди қурбониён вуҷуд дорад.
Беш аз 300 ҳазор низомӣ ва ҳудуди 450 ҳазор пулис дар саросари Покистон масъулияти таъмини амнияти интихоботи ин кишвар, ки имрӯз оғоз шуда, бар ӯҳда доранд. Беш аз 105 миллион шаҳрвандони Покистон барои интихоби аъзои маҷлисҳои миллӣ ва аёлотии Покистон ба пойи сандуқҳои раъй мераванд.