11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Иқдоми ҷамъиятӣ барои наҷоти Ҳамза байналмиллалӣ шуд (Навор)

Иқдоми ҷамъиятӣ барои наҷоти Ҳамзаи чаҳорсола аз доираи ВАО ва шабакаҳои тоҷикӣ берун рафт ва ба расонаҳои ҷаҳонӣ роҳ ёфт. Зери муроҷиъат (петитсия) низ ҳар дақиқа чанд нафар имзо мекунанд ва шумори имзоҳо бо шиддат боло меравад. 

Як гурӯҳ аз фаъолони тоҷик бо ташаббуси шоъир ва журналисти тоҷик Темур Варқӣ икдоми инсондӯстонаеро дар шабакахои иҷтимоъӣ барои наҷоти Ҳамзаи бемор ташкил карданд. Онҳо аз ҳамагон даъват намуданд, ки зери муроҷиате ба унвонии Президенти Тоҷикистон ва чандин ташкилоти ватаниву созмони байналмиллалӣ барои раҳо кардани Ҳамза ва модараш барои табобат имзо гузоранд ва ин матнро дар яке аз пойгоҳҳои ихтисосӣ бо номи гузоштанд.

Қаблан хам чунин кореро фаъолони тоҷик таҷриба карда буданд ва намунаи равшани он имзои садҳо фаъоли сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоъӣ зери як нома барои пуштибонӣ аз хати форсӣ буд.

Аммо, ба фарқ аз иқдоми қаблӣ, мақомоти Тоҷикистон иқдоми дуввумиро ҷиддӣ гирифтанд. Тибқи гузориши сомонаи ‘’Ахбор’’, мақомоти кишвар чандин нафари имзокардаро мавриди бозпурсӣ карор додаанд. То лаҳзаи паҳн шудани ин хабар, шумораи имзокардагон бештар аз 4000 буд. Агарчӣ суръати бештар шудани имзоҳо аз дирӯз мушоҳида мешуд, пас аз нашр шудани хабар дар бораи таъқиби имзокунандагон аз тарафи мақомоти Тоҷикистон, адад якбора боло рафт. То лаҳзаи нашри ин мақола, адади имзокунанагон аз 65 000 гузашт, ки дар таърихи иқдомҳои ҷамъиятии кишвари мо собиқа надоштааст.

Савол ба миён меояд, ки чӣ омиле барои таваҷҷӯҳи бештари мардум ба ин иқдом таъсир расондааст? Аҳамияти мавзӯъ? Ё фишорҳои мақомот? Ва ё ташаббускорони иқдом тасонистанд онро байналмиллалӣ намоянд?

Ба назари мо, ҳар се омил таъсири худро доштаанд, вале таъқибу фишори мақомот нақши бештаре доштааст. Чун, паҳн шудани хабар дар бораи фишор танҳо ба хотири имзо дар як иқдоми инсондӯстона метавонад ҷанҷолофарин бошад ва таваҷҷӯҳро ба худи мавзӯъ ҷалб намояд. Дақиқан ҳамон коре, ки ҳоло шуд.  

Ба ибораи дигар, ҳукуматдорони Тоҷикистон дар қазияи Ҳамзаи хурдсол калобаи худро гум кардаанд ва иқдомҳое, ки то ин соат гирифтаанд, комилан бар зарари онҳо доранд анҷом мешаванд.  Танҳо иқдоми хушмандонае, ки карданд, ин бо дасти худ бурдани кормандони ‘’Озодӣ’’ буд, ки бо додани ваъда барои омода кардани санадҳо кӯшиш карданд каме ҳам бошад ҷомеъаро ором намоянд. Аммо,  бо гузашти се рӯз маълум мешавад, ки кореро то ҳанӯз анҷом надодаанд, вагарна ҳатман гузоришеро пахш мекарданд.

Мавқеъҳо ва рафторҳои ҳукумат дар ин қазия ба ҷои кам кардани саволҳо онҳоро бештар мегардонад. Ва табиист, ки таваҷҷӯҳ ба қазия рӯз ба рӯз бештар мегардад. Агар то дирӯз мавзӯъ танҳо дар доираҳои тоҷикӣ мечархид, ва ҳукумат фурсат дошт онро дар ҳамонҷо хатм кунад, имрғз дар сатҳи ҷаҳонӣ онро баҳс мекунанд. Ва оянда бештари бештар хохад шуд.

24 уми июл шабакаи ҷаҳонии ‘’Ал-Хивар’’ дар пахши мустақими худ қазияи Ҳамзаро ба аудиторияи чандмиллионаи худ расонид ва сӯҳбати мустақими Муҳаммадсаид Ризоӣ, узви Раёсати Олии ҲНИТ-ро атрофи ин мавзӯъ зинда пахш кард.    

Маълум аст, ки ин охири кор нест. Тибқи хабарҳои расида, созмонҳо ва расонаҳои бештари байналмиллалӣ дар бораи ҷузъиети қазияи Ҳамза маълумот суроғ мекунанд.

Оё имкон надошт ва ҳоло ҳам надорад, ки ҳукумати Тоҷикистон мавзӯъро аз қолаби сиёсати худ ба мухолифинаш берун мекашид ва ҳамчун як қазияи инсонӣ ҳалу фасл мекард?  Ҳукумат бояд ба Ҳамза хамчун як шахрванд ва ба қазияи ӯ ҳамчун як қазияи инсонӣ рафтор мекард ва бикунад, на ҳамчун ба набераи як чеҳраи мухолифи худ. Ин ба нафъи худи ҳукумат мебуд.

Қазияро сиёсӣ ва байналмиллалӣ кардани ҳукумат иштибоҳе беш нест, агар ҳамоқат нагӯем. Агарчи ҳукумат мухолифини худро ба ‘’сиесӣ’’ кардани қазияи Ҳамза муттаҳам мекунад, худаш камтарин кореро барои ‘’инсонӣ’’ кардани он анҷом намедиҳад. Чиро мунтазир аст? Расидани адади имзокуннадагон ба 100 ҳазор, ки то фардо ҳатман хоҳад расид? Ё чизи дигар?  

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *