Ҳақ рамузи мулку дин бар ман кушуд,
Нақши ғайр аз пардаи чашмам рабуд.
Дар ин навишта дар бораи шомил будани таълимоти исломӣ ва манъ кардани Ислом пайравӣ карданро ба ҷузъе аз аҳком ва тарки ҷузъҳои дигар сухан рафта буд.
3. Ҳаёт дар танҳоӣ тақсимнашаванда аст ва инсон низ дар навбати худ ба ҷузъҳо тақсим намешавад.
Имкон надорад, ки ислом танҳо ба ҷузъи ҳаёт салоҳият дошта бошад, монанди масҷид ва ё гӯшаҳои дигар ва нисбати чунин маконҳо ҳукм ва раҳнамоӣ намояд, аммо ҷонибҳои дигари ҳаётро ба мазҳабҳои сохтаву афкори башарӣ ва фалсафаҳои заминӣ гузорад, ки ба он раҳнамоиву сарварӣ кунанд. Дуруст нест, ки барои ислом танҳо масҷид бошаду барои дунявият мактабу донишгоҳ, маҳкамаву рӯзнома, радиову телевизион, театру филм, бозору кӯча ва бо ибораи дигар тамоми ҳаёт.
Мантиқӣ нест, ки ҷониби рӯҳонияти инсон ба дин ихтисос дода шаваду ҷонибҳои моддиву фикриву ҳиссии ӯро давлати динситез идора кунад.
Воқеият ин аст, ки на ҳаёт тақсимшаванда асту на инсон. Одамӣ бо ҷисму ҷон, ақлу эҳсос, ғаризаву замир инсон ба шумор меравад:
Маҳу солат намеарзад ба як ҷав,
Ба ҳарфи «кам лабистум» ғӯтазан шав.
Ба худ рас, аз сари ҳамгома бархез,
Ту худро дар замири худ фурӯ рез.
Тану ҷонро дуто гуфтан калом аст,
Тану ҷонро дуто дидан ҳаром аст.
Ҳамин тавр, ҳатто ҳақиқати ин назарияро илми муосир низ ба таъкид расонидааст.
Ҳама файласуфон ва ҷунбишҳои наҳзативу идеологияҳои сиёсӣ дар таърих ва дар асри мо тобеъ бар асоси қоидаи кулливу фарогир ҳастанд. Аз ин рӯ, ҷузъӣ хондани ҳаётро инкор мекунанд. Онҳо якзайл инкор доранд, ки ҳаёт ҷузъи зиндагии моро ҳоким бошад, балки бар онанд, ки ҳаёт ҳукмфармои тамоми ҷонибҳост, мувофиқи фалсафаи худ ҳамаро раҳнамоӣ мекунад. Ин назари куллӣ дар ҳамаи чиз, аз ҷумла Аллоҳ, офариниш, шинохт, арзишҳо, коинот, инсон ва таърих ба чашм мехӯрад.
Яке аз сотсиалистони маъруф Муниф Раззор барномаи ҳизби худро муаррифӣ карда мегӯяд:
“Албатта фаҳмиши он ки ҳизби сотсиалистӣ танҳо як ҳизби иқтисодӣ аст, фаҳмиши хато маҳсуб меёбад. Сотсиализм масъалаҳои зиёдеро аз нигоҳи иқтисодӣ ҳал мекунад. Вале ин маънои онро надорад, ки ҳамаи ин роҳҳои ҳал танҳо аз як ҷониби сотсиализм баррасӣ шудааст. Фаҳмидани он дар асоси якҷониба фаҳмиши хато ба шумор рафта, ба умқи масъала нахоҳед расид. Бо чунин фаҳмиш аз асосҳое, ки бар он сотсиализм барпо аст, ошно нахоҳед шуд ва аз ормонҳову дурнамоҳое, ки ба сӯи он сотсиализм равон аст, огоҳӣ нахоҳед ёфт. Сотсиализм роҳи зиндагӣ, роҳи ба даст овардани сармоя ва илова бар он роҳест, ки фарогири иқтисоду сиёсат, тарбияву таълим, ҷомеашиносиву тандурустӣ, ахлоқу одоб, илму таърих ва тамоми ҷонибҳои кӯчаку бузурги ҳаёт аст”.
Сипас нависанда таъкид мекунад, ки “сотсиалист будан маънои онро дорад, ки бояд фаҳмиши сотсиалистӣ нисбати тамоми ҷонибҳое, ки зикр шуд, дошта бошед. Бояд ҷаҳонбинии сотсиалистӣ дошта бошед, ки ҳамаи ин ҷонибҳои мазкурро дарбар гирад”.
Баъдан Муниф Раззор ба таъкид расонида мегӯяд, ки ин назари фарогир на танҳо хоси ҳизби сотсиалистӣ аст. Ин назария асоси ҳар як ҳизби иҷтимоии дигар ба шумор меравад.
Воқеан ҳам муаллиф фарогиранда будани ҳизбҳои иҷтимоиро ба андозае, ки тамоми маҷолҳоро дарбар мегиранд ва ба тамоми мушкилот роҳи ҳал пешниҳод мекунанд, ба исбот овардааст. Ҳамчуноне ки ба гап ҷома пӯшонида мегӯяд:
“Сабаби назари шомил доштан нисбат ба ҳизбҳо ин аст, ки ҳаёт худ як чизи кул аст, як ҷараён аст. Ҳаёт он тақсимеро, ки ақли мо барои дарки ҳақиқати он бофтааст, намешиносад. Ҳаёт чизеро дар бораи иқтисод намешиносад, ки аз чизи дигар, ки ҷомеа ном дорад ё чизи дигар, ки сиёсат номгузорӣ шудааст, ҷудо бошад. Ҳаёт чизи комил ва пайванд аст, вале ақли оҷизи мо онро дуруст таҳлил карда натавонистааст ва нафаҳмидааст. Дуруст аст, ки ҳаёт паҳлӯҳои гуногун дорад, анвои робитаҳоро фаро мегирад, ки баъзе онро иқтисод меноманд, баъзеяшро сиёсат ва баъзеи дигарро ҷомеа, ахлоқ, дин, адаб, илм…
Ҳаёт чун дарёест ягона, пайванд ва бардавом… Ҳаёти иҷтимоӣ низ ҳамин гуна аст, новобаста аз он ки хурд аст ё бузург, халқ аст ё оила ё ҳукумат ва ё ҳизб.
Ҳар як ҷомеа дар муқобили озодиҳои сиёсӣ ҷойгоҳи худро дар соҳаи иқтисод ва низомҳои он, озодиҳои шаҳрванд ва инчунин ахлоқ, таълим, адаб, таърих ва амсоли он муқаррар ва муайян мекунад”.
Нависанда фикрашро дар хусуси фарогир будани сотсиализм хулоса карда мегӯяд:
“Аз ин маъниҳо пайдост, ки калимаи сотсиализм танҳо бо меъёрҳои иқтисодии муайян маҳдуд набуда, таъбирест, ки тамоми ҳаётро бо тамоми маҷолҳояш дарбар мегирад”.
Ин аст табиати ҳамаи идеологҳои наҳзатӣ. Модоме ки ҳизбҳои дунявӣ дар таъриф барномаи ҳизбии худро ба осмони ҳафтум бардоштаанд, магар ислом, ки дар асл рисолати оламӣ аст, ҳақи баёни воқеиятро надорад? Пас, чаро мо исломро, ки бо табиати худ барномаи шомиле буда, ақидаву шариат ва ахлоқу фарҳангро фарогир аст, танҳо бо масҷид ва муҳокимаҳои шаръӣ маҳдуд донем?
Мутаассифона, имрӯз ҳукуматҳо ба ҳамин рисолати масҷидии ислом низ иҷозат намедиҳанд, ки озодона дар он раҳнамоӣ кунад ё муҳокимаҳои шаръӣ, ки аз рӯи нишондоди хеш амал намояд.
Ҳатто оини масеҳияте, ки Инҷили он “Он чи аз они Қайсар аст, ба Қайсар гузор. Он чи аз они Худост, бояд барои Худо бошад” (Инҷили Мато, 21/22)-мегӯяд, вале чун камтарин қувват ва фурсате ёфт, ба Қайсар чизеро нахоҳад гузошт. Балки мехоҳад, ки пешво бошад ва ҳаётро ба самте, ки имон дорад, раҳнамоӣ ва ҳукмфармоӣ кунад. Ин намуна барои ҳамаи идеологияҳои диниву дунявӣ мисол шуда метавонад. Ҳамаи онҳо аз қадим то имрӯз мехоҳанд дар раҳбарияти давлат ҷойгоҳе дошта бошанд.
Вақте ки дини масеҳият чунин тақозоро дорад, пас чаро дар дини ислом ҷисм аз ҷон ҷудо бошад? Ё чаро ҳаётро байни Қайсар ва Аллоҳ тақсим кунем? Он чи ки Қайсарро Қайсар кардааст ва он чи ки барои Қайсар аст, магар мулки Аллоҳи ягона нест?
Аллоҳ дар ин хусус аз забони Паёмбараш мефармояд:
أَﻓَﻐَﯿْﺮَ اﻟﻠﱠﮫِ أَﺑْﺘَﻐِﻲ ﺣَﻜَﻤﺎً وَھُﻮَ اﻟﱠﺬِي أَﻧْﺰَلَ إِﻟَﯿْﻜُﻢُ اﻟْﻜِﺘَﺎبَ ﻣُﻔَﺼﱠﻼ
“Оё аз ғайри Худо довар гирам, ҳол он ки Ӯ зотест, ки ба шумо китобро ботафсил нозил кардааст”.
(сураи Анъом, ояти 114)
Боз Худованд ба тариқи суоломез фикри онҳоро рад карда, хабар медиҳад:
أَﻓَﺤُﻜْﻢَ اﻟْﺠَﺎھِﻠِﯿﱠﺔِ ﯾَﺒْﻐُﻮنَ وَﻣَﻦْ أَﺣْﺴَﻦُ ﻣِﻦَ اﻟﻠﱠﮫِ ﺣُﻜْﻤﺎً ﻟِﻘَﻮْمٍ ﯾُﻮﻗِﻨُﻮن
“Оё ҳукми даврони ҷоҳилиятро мехоҳанд? Ва кист хубтар аз Аллоҳ дар ҳукмгузорӣ барои қавме, ки бовар мекунанд?”.
(сураи Моида, ояти 50)
4. Аҳамияти давлат дар амалӣ шудани ҳадафҳо.
Мардум аз қадимулайём дарк кардаанд, ки фармони сиёсатмадорӣ дар амалӣ шудани ғояҳо, иҷроиши аҳком, таълими уммат ва боз доштани он аз бадиву фасод нақши калидӣ мебозад. Бинобар ин, ҳазрати Усмон (р) фармудааст:
“Албатта Аллоҳ он чиро, ки ба тариқи подшоҳ анҷом медиҳад, шояд он гуна ба тариқи Қуръон ҷомаи амал напӯшонад”. (Ибни Касир, Ал-бидоя ва-н-ниҳоя, 2/10)
Хосатан дар замони мо тамоми дастгоҳҳо аз таълим то суду фарҳангу васоити ахбори омма ва то масҷиду иқтисоду масоили иҷтимоӣ дар назорату ҳукми давлат аст. Табиист, ки ягон мутафаккири исломшиносе аз пеши худ коре карда наметавонад. Баръакс ҳукмро ба дасти дунявиҳо супоридаанд, ки ҳар чи хоҳанд, анҷом медиҳанд. Ин қувва қодир аст, ки он чи гузаштагони равшанзамири миллат пайи солҳои тӯлонӣ анҷом доданд, ба осонӣ нобуд созанд. Табиист, ки вайронкорӣ аз сохтан осонтар аст.
Оё иҷозат додан мумкин аст, ки як иморати бузургеро, ки солҳои зиёд барои сохтани он бузургонамон машаққатҳои ҷонкоҳеро таҳаммул намудаанд, имрӯз дунявиҳо дар чанд дақиқаи муайян ба хоку туроб табдил намоянд?
Назар ба нақли мутафаккир Барторнед Росселдер давлат дар замонҳои қадим имрӯза салоҳиятҳоеро, ки доро гардидааст, надошта будааст.
Агар ба китобҳои таърихӣ назар кунем, дармеёбем, ки давлате, ки як муддати дароз дар таърихи исломӣ хилофати бузург ҳукмронӣ мекард, ба тамоми шууни халқу ҷомеа сару кор намегирифт. Балки давлат иборат аз як гурӯҳи муайяне, ки дар пойтахт ё шаҳрҳои калон менишастанд, иборат буд. Аммо уммат бо тамоми халқиятҳо ва гурӯҳҳои мухталиф дар водии дигар берун аз водии салтанат озодона зиндагӣ мекарданд. Ҳама ба сари кори хеш мешуданд. Ҳаётро дар зери сояи ҳукмҳои ислом идома медоданд. Ғолибан идораи аҳволи мардум ба дасти донишмандон супорида мешуд.
Таълим дар дасти донишмандон буд, ки ба мардум ислом, забон, адабиёт, таърих ва улуми гуногунро чи тавре ки дастур шудааст, таълим медоданд. Маҳкама дар дасти уламо буд. Онҳо бо ҳукми шариат ба хосу ом чи гунае ки меписандиданд, ҳукм содир мекарданд. Фатво дар дасти донишмандон буд. Мардум ихтиёран ба назди онҳо меомаданд ва дар бораи масъалаҳои диниву дунявӣ савол дода, посух мегирифтанд. Вазоратҳои хайрия дар дасти олимон буд. Молҳои хайрияро мувофиқи шарте, ки маблағгузорон мегузоштанд, ба корҳои нек масраф мекарданд, монанди масҷидҳо, мактабҳо, яъне дар роҳи даъвату таълим ва амсоли он”.
Оре, сарварони амонатдори давраи хилофат азбаски худшиносу худоандеш буданд, сухани халқро бо шавқи махсусе гӯш карда, аз пайи баровардани ниёзҳои онҳо мешуданд:
Сарварӣ дар дини мо хидматгарист,
Адли форуқиву фақри ҳайдарист.
Дар ҳуҷуми корҳои мулку дин,
Бо дили худ як нафас хилват гузин…
Дар қабои хусравӣ дарвеш зӣ,
Дида бедору худоандеш зӣ.
Замоне, ки амирону султонҳо муттаҳид буданд, уммат дар дин устувор буд. Воқеан дар аҳди хилофату салтанат уммати мусалмон бо муассисаҳои маданӣ, маҳаллӣ ва иҷтимоии худ чунон қавӣ буд, ки ҳатто дар ҳолати заъф ва ё аз даст рафтани салтанат низ ҷомеаи маданӣ арзишҳои диниву инсонии худро ҳифз намудааст. Шиори ин мардуми озодаву одамдӯстро, ки бар забон мегирифтанд, шоир ба риштаи назм кашида мегӯяд:
Нест аз Руму Араб пайванди мо,
Нест побанди насаб пайванди мо.
Дил ба маҳбуби ҳиҷозӣ бастаем,
3-ин ҷиҳат бо якдигар пайвастаем.
Инак, дар асри кунунии мо нерӯи мудирият аз дасти халқ ба давлат гузаштааст. Чи тавре ки пештар зикр кардем, давлат имрӯз назорату ҳукмфармоиро дар тамоми умур аз таълим сар карда, то фарҳангу васоити ахбори омма, тансиҳативу муассисаҳои судӣ, шууни диниву амниятӣ ва аскариву иқтисодӣ ба даст гирифтааст. Гӯиё худро чашму ҳуши ҳамаи маҷолҳои ҳаёт дидан мехоҳад. Бисёре аз ин ҳукуматҳо аз ин имкониятҳо истифода бурда, ба ҷои хидмат ва изҳори раҳму шафқат, хиёнатҳоеро ба халқу миллат раво мебинанд, ки шунидани он ҷигархарош ва ҳузновар аст. Дарвоқеъ, аз зулми онҳо дар ҳар гӯшаи дунё оҳу нолаи ҷонгудози мазлумону дилшикастагон шунида мешавад ва мардум дар асари он гиребони худро қапида мондаанд. Ситами чунин ҳукуматҳо димоғи халқҳои зиёде сӯхтааст:
Ҳукмрони меҳру моҳу анҷум аст,
Шоҳи мо муфлистарини мардум аст.
Дида бар хони аҷониб дӯхтаст,
Оташи ҷӯъаш ҷаҳоне сӯхтаст…
Халқ дар фарёд аз нодорияш,
Аз тиҳидастӣ, заъифозорияш…
Аз хаёли худфиребу фикри хом,
Мекунад тороҷро тасхир ном.
Чӣ тавр ислоҳотхоҳе метавонад бевосита ба ислоҳ иқдом кунад, дар ҳоле, ки давлат зидди ислоҳот аст? Магар ислоҳкории ӯ сар аз итоат кашидан ба шумор намеравад? Магар сари садҳо ислоҳотхоҳони ҷаҳониро набардоштаанд ё ҳазорон ҳақпарасти дигарро ба кунҷи зиндон нагуселонидаанд?
Оли Усмон дар шиканҷи рӯзгор,
Машриқу Мағриб зи хунаш лолазор.
Ишқро ойини салмонӣ намонд,
Хоки Эрон монду эронӣ намонд.
Чӣ гуна ба бедориву эҳё даъват кунад, дар ҳоле, ки ҳукумат муқобили эҳёву зинда шудан аст? Магар ҳукуматҳо бешуурона зиндагӣ кардани халқро намехоҳанд?
Дар мусалмон шони маҳбубӣ намонд,
Холиду Форуқу Айюбе намонд.
Чи тавр даъватгаре ба ин содагӣ ба муттаҳидӣ бихонад, ҳол он ки давлат парокандагиву сарсонии мардумро мехоҳад?
Риштаи ваҳдат чу қавм аз даст дод,
Сад гиреҳ бар рӯи кори мо фитод.
Мо парешон дар ҷаҳон чун ахтарем,
Ҳамдаму бегона аз якдигарем.
Чи гуна мардумро ба сӯи шарқ бихонад, дар сурате, ки ҳукумат ба ғарб мебарад?
Чӣ гуна муносибат кард дар чунин муҳите, ки давлат бо тамоми имконоташ ба сӯи вайронкорӣ меравад?!
Даври ҳозир тарфурӯшу пурфан аст,
Корвонаш нақди динро раҳзан аст.
Кӯру яздонношинос идроки ӯ,
Нокасон занҷирии печоки ӯ.
Ҳамин омилҳо ислоҳгарон ва муассисони ҳаракатҳои исломиро водор кардааст, ки ночор ба майдони сиёсат ворид шаванд. Ислоҳкориро ба тариқи давлат амалӣ кунанд. Ҳамчуноне ки Аллоҳ мегӯяд:
اﻟﱠﺬِﯾﻦَ إِنْ ﻣَﻜﱠﻨﱠﺎھُﻢْ ﻓِﻲ اﻟْﺄَرْضِ أَﻗَﺎﻣُﻮا اﻟﺼﱠﻼةَ وَآﺗَﻮُا اﻟﺰﱠﻛَﺎةَ وَأَﻣَﺮُوا ﺑِﺎﻟْﻤَﻌْﺮُوفِ وَﻧَﮭَﻮْا ﻋَﻦِ اﻟْﻤُﻨْﻜَﺮ
«Онҳое, ки чун дар замин маконат додем, намозро барпо доранд ва закот диҳанд ва ба некӣ амр кунанду аз бадӣ боздоранд». (сураи Ҳаҷ, ояти 41)
Модоме ки дар давлат касоне ҳукмфармоянд, ки тарафдори ислоҳ ҳастанд ва дили мардум ба онҳо об хӯрдааст, дар ин сурат муҳим нест, ки ислоҳгарон аз ҳокимони ин давлат бошанд ва боз ҳам ҳаракатҳои наҳзатие туғён дошта бошанд. Аммо агар ҳокимон дар фикри озодиву ободӣ ва ислоҳ набошанд ё аз ӯҳдаи он набароянд ё корашон танҳо ба хонаи занбӯр чуб халонидан бошад, оё дар ин асно сар дар гиребон фурӯ бурдан ҷоиз аст?! Баръакс дар чунин замон ба ислоҳотхоҳон воҷиб мегардад, ки ин вазифаи муҳимро ба душ гирифта, то рамақе аз ҷон доранд, хидмати халқу ватанро ба ҷо оваранд. Иқбол низ мардони олиҳиммати миллатро дар «Паёми машриқ» насиҳат кардааст, ки ба ойини пешвоёни худ чун Абӯбакру Умар дар ҷодаи барпо намудани адолат равон бошанд:
Эй, туро фитрат замири пок дод,
Аз ғами дин синаи садчок дод.
Тоза кун ойини Сиддиқу Умар,
Чун сабо бар лолаи саҳро гузар.
Содиқҷон Шокир