11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Даъват ба тазоҳуроти саросарӣ ва бурузи мушкилоти дохилӣ дар Ҷамъияти исломӣ

Дар ҳоле, ки Атомуҳаммади Нур волии вилояти Балх ва яке аз раҳбарони Ҷамъияти исломии Афғонистон охири ин моҳ тарафдоронашро ба тазоҳуроти саросарӣ фаро хондааст, гурӯҳи дигаре дирӯз дар Кобул эълон кардаанд, ки Салоҳиддин Раббониро аз раҳбарии Ҷамъияти исломӣ барканор кардаанд.

Пас аз ҳушдорҳои Атомуҳаммад Нур дар бораи  роҳандозии тазоҳуроти густарда ва бузург дар понздаҳ вилояти Афғонистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфтааст ин  масъалаи дохилии Афғонистон аст.

 Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико дар ин бора сухани зиёд  намегӯяд, аммо пеш аз ин Вашингтон бар ҳалли мусолиматомези танишҳо миёни Ҷамъияти исломӣ ва ҳукумат таъкид карда буд.  

Ӯ дар посух ба ин пурсиш, ки оё роҳандозии ин тазоҳурот, Афғонистонро бесубот нахоҳад сохт, чунин гуфтааст: «ман аз ин эътирозоте, ки шумо ёдовар шудед огоҳӣ надорам. Фикр мекунам, ки эҳтимолан як мавзӯъи дохилӣ аст.»

Ин дар ҳоле аст, ки то замони таъйин шуда аз сӯи Атомуҳаммад Нур, барои роҳандозии ин тазоҳуроти бузург дар баробар ҳукумат нуҳ рӯзи дигар мондааст.

Нур ҳушдор додааст, ки худаш бо як корвон бо даҳ ҳазор мошин ба Кобул хоҳад омад ва ҳамзамон бо ин, ҳаводоронаш дар понздаҳ вилояти дигари кишвар ба ҷодаҳо хоҳанд рехт: «мо намехоҳем сукут ихтиёр бикунем. Мо чунон ҳаракати маданӣ ва нофармонии маданӣ роҳ биандозем, ки на танҳо кохи раёсатҷумҳурӣ биларзад, балки бирезад ва бишканад.»

Яку  ним моҳ пеш, танишҳо миёни Атомуҳаммад Нур ва Арги раёсатҷумҳурии Афғонистон пас аз он боло гирифтанд, ки раисҷумҳур Ғанӣ истеъфои дар чанд моҳ пеш навиштаи оқои Нурро аз вилояти Балх, имзо кард, аммо Нур ин тасмимро напазируфт ва гуфт, ки истеъфои вай машрут будааст.

Вай то ҳол корашро дар дафтари вилоят Балх идома медиҳад ва таъкид дорад, ки бояд хостаҳояш аз сӯи ҳукумат пазируфта шаванд.

Дар  ҳамин ҳол баъзе коршиносони масоили сиёсӣ, ҳушдор медиҳанд, ки агар ин танишҳо аз роҳи гуфтугӯ ҳал нашаванд, паёмадҳои манфӣ дар пай хоҳанд дошт.

Довуд  Ноҷӣ, коршиноси масоили сиёсӣ дар ин бора ба “Орёнонюз” гуфтааст:«ин хуб аст, ки Амрико ба унвони муттаҳиди давлат ва низоми Афғонистон ба масоили дохилӣ аз ин даст, дахолат накунад. Ба хотири ин, ки дахолати бетарафона дар чунин мавориде, мумкин нест ва гирифтани ҳар тараф аз ин ҷиноҳҳои дохилӣ, паёмади бисёр ҷиддӣ дорад.»

Пеш аз ин, Вашингтон дар вокуниш ба танишҳо миёни Ҷамъияти исломӣ ва ҳукумат бар ҳалли мусолиматомез ва бедаранги ин танишҳо таъкид кардааст. Аммо то кунун намояндагони Ҷамъият ва ҳукумат  бештар аз даҳ бор гуфтугӯ кардаанд, аммо ин гуфтугуҳо ба бунбаст расидаанд.

Мушкилоти дохилии Ҷамъияти исломӣ ба куҷо мерасад?

Аммо Ҷамъияти исломӣ ба ҷуз ихтилофаш бо Арг мушкилоти дохилии дигаре ҳам дорад. Зеро як гурӯҳ аз аъзои ин ҷамъият пештар эълон карданд, ки онҳо Нуруллоҳ Имодро ҳамчун раҳбари Ҷамъияти исломӣ интихоб мекунанд ва раҳбарии Салоҳиддин Рабониро намепазиранд. Ҳоло ин гурӯҳ бори дигар вориди бозӣ шудааст ва дирӯз дар изҳороте эълон карданд, ки Салоҳиддин Рабонӣ раҳбари Ҷамъияти исломиро барканор кардаанд.   Сайид Иброҳим Имод раиси дафтари сиёсии ҷамъияти исломии Афғонистон шохаи “Шӯрои инсиҷоми ҷамъият” таҳти раҳбарии Нурулло Имод, рӯзи гузашта дар нишасти якрӯза ҷиҳати чигунагии баргузории кунгираи ин ҳизб дар Кобул дар ин бора изҳорот дод.

 Дар чанд моҳи пеш, шӯрои муваққати раҳбарии ҷамъияти исломӣ ба раҳбарии Салоҳиддин Рабонӣ, ки шомили 64 тан мешавад, эълом шуд. Бархе чеҳраҳои сиёсӣ аз ҷумла Салоҳиддин Рабонӣ, Атомуҳаммад Нур, Муҳаммад Юнус Қонунӣ, Аҳмадзиё Масъуд, Исмоилхон, Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, Мир Амонуллоҳ Гузар, Калимуллоҳ Нақибӣ, Абдуссаттор Мурод, Ҳазраталӣ ва Аламхон Озодӣ узви ин шӯро Ҳастанд.

Аммо даҳҳо тан аз аъзои Ҷамъияти исломӣ зери номи “Шӯрои инсиҷоми ҷамъият”, дар нишасте дар Кобул, мухолифаташонро бо шӯрои муваққатии раҳбарии тозаи ин ҳизб эълом карда буданд.

Иброҳим Имод ба расонаҳо  гуфтааст, ки имрӯз ҷамъи бузурге аз шахсиятҳои матраҳи ҳизби Ҷамъияти исломӣ, аз 34 вилояти Афғонистон дар Кобул ҷамъ шудаанд ва мехоҳанд Нуруллоҳ Имод сарпарастии умури ин ҳизбро ба ӯҳда бигирад ва барои баргузории анҷумани ҷамъияти исломии Афғонистон, роҳро ҳамвор созад.

Иброҳим Имод гуфтааст: “мо шоха нестем, балки воҳид ҳастем. Зеро  Нурулло Имод бунёнгузор ва асосгузори наҳзати исломӣ ва ҷамъияти исломӣ мебошад.

 Дар посух ба ин савол, ки оё бо Салоҳиддин Рабонӣ ва Атомуҳаммад Нур дар ин мавзӯъ машварат шудааст  ё на? Иброҳим Имод гуфтааст: “ дар ҳоли ҳозир Атомуҳаммад Нур волии пешини Балх, масруфи ҷанҷолҳо ва кишмишҳои дохилии худ мебошад ва ҳамчунин нишасти ҳайатҳои мутааддид бо Салоҳиддин Рабонӣ вуҷуд доштааст.

 Маҷмӯаи  инсиҷоми ҳизби ҷамъияти исломӣ, чандин мартаба аз Салоҳиддин Рабонӣ хостаанд, ки дар ин росто мавзеъи худро равшан созад, вале мутаассифона бо иштиёқе, ки дар вазорати умури хориҷа дорад, фурсат барои ҷамъ кардан ва барномарезии Ҷамъияти исломиро надоштааст. Бинобарин  мо муттаҳидона ҳама гурӯҳҳои ҷамъияти исломӣ аз саросари Афғонистон, таҳти раҳбарии  Нуруллоҳ Имод барои баргузории анҷумани ҷамъияти исломӣ ҷамъ шудаем”.

Бархе аз коршиносон бар ин боваранд, ки дар ин марҳилаи ҳассос арзи андом кардани гурӯҳи дигаре аз дохили Ҷамъияти исломӣ ва матраҳ кардани масоили раҳбарии ин Ҷамъият, ҳадафмандона ва ба хотири фишор болои ин ҳизб мебошад. То хостаҳои худ бигзарад ва ба хостаҳои Арги раёсатҷумҳурии Афғонистон тан диҳад.

Атомуҳаммад Нур ва Салоҳиддин Рабонӣ то ҳол дар ин бора расман ибрози назар накардаанд. Аммо то фарохони тазоҳуроти саросарии Атомуҳаммад Нур ҳам рӯзҳои башумор мондааст. Ба назар мерасад тазоҳуроти саросарии мавриди назари Атомуҳаммад Нур на танҳо таъйинкунандаи ояндаи ҳамкории ин Ҷамъият бо ҳукумат, балки мушаххас кунандаи сарнавишти ояндаи худи он ҳам бошад.

 

 

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *