Рубрики Хабарҳо

Эрон, Чин ва Русия размоиши муштараки баҳрӣ баргузор мекунанд

Вазорати дифоъи Чин гузориш дод, ки Чин, Эрон ва Русия дар халиҷи Уммон размоиши муштараки баҳрӣ баргузор мекунанд. Ин размоиш рӯзҳои 15 то 19 март баргузор хоҳад шуд. 

Вазорати дифоъи Чин эълом кард, ки ин размоиш ба “гуфтариши ҳамкории амалӣ байни нерӯи баҳрии кишварҳои ширкаткунанда” кумак хоҳад кард. 

Бори аввал нест, ки Эрон, Русия ва Чин бо якдигар манёври муштараки баҳрӣ баргузор мекунанд, аммо Эрон ва Чин пас аз ҳамлаи Русия ба Укроин ба хотирт кумак ва ҳамкорит низомӣ бо Маскав зер фишор қарор доштанд. 

Охирин размоиши баҳрии Эрон, Русия ва Чин охири январи соли гузашта дар минтақаи шимоли Уқёнуси Ҳинд баргузор шуд. Дар он размоиш се кишвар, ки “размоиши мураккаби камарбанди амнияти баҳрӣ 2022” номида шуда буд, ҳам нерӯи баҳрии артиши Эрон ва ҳам Сипоҳи посдорон ҳузур доштанд. 

Наздик ба чаҳор сол пеш, аввалин манёври муштараки баҳрии Эрон, Чин ва Русия ба муддати чаҳор рӯз дар баҳри Уммон ва Уқёнуси ҳинд баргузор шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *