Шабакаи телевизионии Ал-Ақсо, вобаста ба ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин — ҲАМОС аз тавофуқи оташбас бо Исроил бо миёнҷигари Миср ва Созмон милал хабар дод.
Абумуҷоҳид ал-Брейм сухангӯи “Кумитаҳои муқовамати мардумӣ” тайи иттилоъияе эълом кард, гурӯҳҳои Фаластини бо миёнҷигарии Миср ва Созмон милал бо Исроил дар хусуси оташбас ба тавофуқ расидаанд.
Аз сӯи дигар Исроил то кунун ин хабарро таъйид накардааст, аммо як масъули исроилӣ, ки дар музокироти оташбас ширкат карда, ба созмони радио ва телевизиони Исроил гуфт, ки музокирот барои барқарории оташбас муваффақиятомез будааст.
Созмони радио ва телевизиони Исроил эълом кард, ки музокирот бо миёнҷигарии Созмон милал ва Миср дар Қоҳира муваффақиятомез буда ва тай соатҳои оянда оташбас барқарор хоҳад шуд.
Гуфтанист, пас аз ба шаҳодат расидани 4 фаластинӣ ҳангоми ширкат дар роҳпаймоии “Бозгашти бузург” тавассути низомиёни Исроил, таниши миёни Ғазза ва ин кишвар аз рӯзи ҷумъа то якшанбе гузашта афзоиш ёфт.
Дар ҳамалоти Исроил ба навори Ғазза, ки ду рӯз идома ёфт, 25 фаластинӣ аз ҷумла як навзоддухтари 14 моҳа ба номи Сабо Маҳмуд ва модари бордораш шаҳид шуда ва 150 нафари дигар захмӣ шуданд.
Бар асоси эъломи расонаҳои ибрӣ, бар асари партоби мушак аз Ғазза ба Исроил тайи ду рӯзи ахир, 4 нафар аз шаҳракнишинон яҳудӣ кушта шуда ва 130 нафари дигар захмӣ ё масдум шуданд.