Рубрики Хабарҳо

Фиқҳуссира: Мӯъҷизаи Исроъ ва Меъроҷ

Манзур аз Исроъ ҳамон сафарест, ки Паёмбар (с) аз Масҷидулҳаром ба Масҷидулақсо ба икроми Худо анҷом додаанд. Меъроҷ бошад, он ҳодисаест, ки баъди Исроъ рух додааст. Он иборат буд аз боло бурдани Он ҳазрат (с) ба табақоти осмон, сипас, расидан ба ҳадде, ки илми инсу ҷин ва малоик ба он намерасад. Ҳамаи ин ҳодисаҳо дар як ба вуқӯъ пайваста буд.

Таърихи рух додани ин ҳодисаҳо дақиқ маълум нест. Чун ихтилоф аст, ки он соли даҳуми паёмбарӣ воқеъ шуда, ё баъд аз он. Бино ба ривояти Ибни Саъд дар Табақот “он ҳаждаҳ моҳ пеш аз ҳиҷрат ба Мадина рӯй додааст”.

Ҷумҳури мусулмонон бар он боваранд, ки ин сафар бо тану рӯҳ якҷоя анҷом пазируфтааст. Бинобар ин, он аз ҷумлаи мӯъҷизаҳои бузурге мебошад, ки Худованд паёмбарашро икром намуда буд.

Саргузашти пурраи ин ҳодисаро Имом Бухорӣ ва Муслим нақл кардаанд. Дар он омадааст, ки назди Паёмбар (с) Буроқ, ки он чорпое калонтар аз хар ва кӯчактар аз асп буду ба андозаи масофаи дидан қадам мегузошт, оварданд. Боз омада, ки Паёмбар (с) ба Масҷидулақсо даромада, онҷо ду ракъат намоз мегузоранд. Сипас, Ҷабраил барояшон ду зарф, ки дар яке шароб буду дар дигаре шир меоранд. Он ҳазрат (с) ширро интихоб мекунанд. Баъд Ҷабраил мегӯянд: “Фитратро интихоб кардед”. Боз дар он омада, ки аз он ҷо Паёмбар (с)-ро ба осмони якум, дуюм, сеюм …. бурданд. Ҳамин тавр ниҳоят ба Сидратулмунтаҳо расиданд ва Худованд онҷо барояшон хабарҳои медодаашро дод. Боз дар он омада, ки ҳамон ҷо ба мусулмонон намозҳои панҷвақта фарз шуд, ки он дар асл панҷоҳ вақт дар як шабонарӯз будааст. 

Пагоҳи рӯзи дигар вақте Паёмбар (с) ба мардум чизи дидаашонро гуфта медиҳанд, мушрикон ин хабари аҷоибро ба ҳамдигар гуфта дода, ба масхараву истеҳзо мепардозанд. Ҳатто иддае аз онҳо аз Паёмбар (с) бо таҳаддӣ талаб мекунад, ки агар дар ҳақиқат ба Масҷидулақсо рафта дар он намоз хонда бошанд, барояшон осори онро тавсиф намоянд. Вале Он ҳазрат (с) вақте онро зиёрат карданд, ба фикрашон наомад, ки онро дурусттар тамошо кунанду осорашро ҳифз намуда, адади сутунҳояшро ба ёд гиранд. Аммо Худованд ҳамон лаҳза сурати масҷидро пеши назарашон нишон медиҳаду Он ҳазрат (с) ба васфи муфассали он мепардозанд. Ҳамин тавр Паёмбар (с) Байтулмақдисро барояшон чунон ки мехостанд, як ба як гуфта медиҳанд.

Дар ин бора Имом Бухорӣ ва Муслим нақл мекунанд, ки Паёмбар (с) фармуданд: “Вақте Қурайш ба гуфтаҳои бовар накарданд, дар Ҳиҷр истодаму Худованд пеши назарам Байтулмақдисро намоён кард. Сипас, ман ба он нигоҳ карда, барояшон дар бораи осори он гуфта додам”.        

Иддае аз мушрикон ба Абубакр (раз.) ин хабари Паёмбар (с) гуфта мерасонанд ва умед мекунанд, ки он кас рух додани чунин ҳодисаро баид мешуморанду ба он бовар намекунанд. Вале Ҳазрат чунин гуфтанд: “Агар чунин гуфта бошанд, рост гуфтаанд. Ман ба он кас дар ҳодисаҳое баидтар аз ин бовар мекунам”.

Рӯзи баъди ҳодисаи Исроъ Ҷабраил омада, ба Паёмбар (с) тарзи намозгузорӣ ва вақтҳои онро таълим медиҳанд. Он ҳазрат (с) пеш аз ҷорӣ шудани намоз мисли намози Иброҳим ду ракъат пагоҳӣ ва ду ракъат бегоҳӣ намоз мехонданд.

Панду андарзҳо:

  1. Сухане чанд доир ба Паёмбар (с) ва муъҷиза

Бархе аз муҳаққиқон дар тасвири рӯзгори Паёмбар (с) ба ҳадди муболаға расида, онро зиндагии одии инсонӣ нишон доданӣ шудаанд. Онҳо ба таври муфассал баён мекунанд, ки рӯзгори Он ҳазрат (с) баста ба ҳодисаҳои ғайриодиву муъҷиза набуд. Балки худи эшон ин гуна падидаҳоро қабул надоштанд ва ба дархости касоне, ки чунин ашёро талаб мекарданд, эътибор намедоданд. Гӯё Он ҳазрат (с) пайваста таъкид бар он менамуданд, ки муъҷиза ва ҳодисаҳои ғайриодӣ аз маҷоли кори эшон несту он аз имконашон берун аст. Барои исботи ин даъвои худ онҳо чунин оятҳоро бисёр шоҳид меоранд:

“…….قُلْ إِنَّمَا الْآياتُ عِنْدَ اللَّهِ

 Касе ки таълифоти ин гуна ашхосро мехонад ва ё суханонашонро мешунавад, гумон мекунад, ки таърихи Паёмбар (с) аз муъҷизаву ҳодисаҳои ғайриодӣ, ки онро Худованд барои таъйиди ҳама паёмбарони ростинаш мефиристод, ба тамом дур мебошад.

Вале чун ба сарчашмаи ин назария дар бораи Паёмбар (с) дуруст назар мекунем, мебинем, ки он дар асл андешаи иддае аз шарқшиносон ва муҳаққиқони бегона амсоли Густав Лупен, Август Кант, Ҳюм, Голд Зиҳар ва ғайра мебошад. Асос ва сабаби пайдоиши чунин назария назди онон ин аст, ки онҳо аслан ба Офаридгори чунин муъҷизот бовар надоранд. Зеро вақте имон ба Худо дар вуҷуди кас ҷойгир мешавад, баъд бовар кардан ба дигар ашё осон мегардад ва дар назараш ҳама он чӣ дар дунёст, назди қудрати илоҳӣ як кори саҳл менамояд, ки ҳеҷ шоистаи ҳақиқатан, “муъҷиза” буданро надорад.

Баъдан, чунин назарияҳо иддае аз мусулмононро шефтаи худ месозад. Онҳо бошанд, бадбахтона, тамоми ҷидду чаҳди худро ба ташвиқи афкори ин бегонагон харҷ мекунанд. Танҳо ба сабаби он, ки ин нафарон бо хушсуратии найранги онҳо фирефта шудаанду чашмашонро намоди пешрафти илмие, ки олами аврупоро фаро гирифта буд, дуздидааст. Шайх Муҳаммад Абдуҳ, Муҳаммад Фарид Ваҷдӣ, Ҳусайн Ҳайкал аз ҷумлаи чунин ашхос буданд.

Сипас, устодони ташкику шубҳаандозӣ ва соҳибони ҳамлаи фикрӣ  дар чунин гуфтаҳои иддае аз худи мусулмонон чизеро меёбанд, ки барояшон баҳри ҳамлаи фикрӣ ва шубҳандозӣ офоқу маҷолоти навро мекушояд ва дигар аз василаи куҳнаи худ, муборизаи мустақим бо ақидаи исломӣ ва нашри афкори бехудоӣ дар зеҳни мусулмонон бениёз мешаванд.

Акнун онҳо ба он мепардозанд, ки сифатҳои муайяни Паёмбар (с) мисли қаҳрамонӣ, нобиғагӣ, пешвоиро бо ибораҳои ситоишу мафтуният тарвиҷ мекунанд ва дар айни замон, ҳаёти Он ҳазрат (с)-ро ба ҳадди муболаға холӣ аз он чӣ, аз идроки ақл берун аст, аз ҷумлаи муъҷизоту ҳодисаҳои ғайриодӣ ба тасвир мекашанд. Онҳо тавассути ин кор мақсад доранд, ки бо мурури замон дар зеҳни мусулмонон барои Паёмбар (с) сурати наве эҷод намоянд. Бигузор он сурати “Муҳаммади нобиға” бошад, ё “Муҳаммади пешво” ва ё сурати “Муҳаммади қаҳрамон”. Вале ба ҳеҷ ваҷҳ набояд сурати “Муҳаммади паёмбар” бошад. Чунки тавассути паҳн кардани унвонҳои нобиғагиву қаҳрамонӣ, ки ба муъҷизаву ҳодисаҳои ғайриодӣ рабте надоранд, ҳама ҳақоиқи нубувват ва мутааллиқоти он аз умури ғайбиву ҳодисаҳои ғайриодӣ ба доираи мифология ё асотир андохта мешаванд. Зеро падидаи ваҳй ва нубувват дар муқаддимаи муъҷизот қарор доранд.

Табиист, ки дар чунин ҳолат мардуми гуногун ва миллатҳои мухталиф зери парчами Паёмбар (с) аз он сабаб ҷамъ мешаванд ва  аз динашон пайравӣ ихтиёр мекунанд, ки аз нобиғаву даҳоӣ Он ҳазрат (с) мутаассир шудаанд. Бинед. Он мақсаде, ки дар назар доранд, ба таври возеҳ дар паҳн шудани ибораи нави “Муҳаммидиён” ба ҷойи “мусулмонон” инъикос меёбад.

Вале ҳақиқати ҳоли Муҳаммад (с) доир ба тасаввуру хаёл чӣ мегӯяд? Агар ба кашфи ҳақиқат бар асоси таҳқиқи мантиқиву илмӣ талош кунем, ин тасаввуру хаёл нисбат ба ҳақиқати ҳоли Муҳаммад (с) чи гуна баҳо мегирад?

Якум: Агар дигар бора дар бораи падидаи ваҳй, ки дар рӯзгори Паёмбар (с) ба таври ошкор муҷалло буд, андеша кунем, мебинем, ки боризтарин сифат дар ҳаёти Он ҳазрат (с) нубувват будааст, ки дар ин шакку шабҳае нест. Нубувват бошад, аз қабили маонии ғайбӣ аст, ки аз доираи меъёр ва ченаки маҳсуси мо берун мебошад. Аз ин фаҳмида мешавад, ки маънои муъҷизаи ғайриодӣ дар вуҷуди Он ҳазрат (с) қоим буд. Аз ин рӯ, инкори муъҷизот ва ҳаводиси ғайриодӣ аз ҳаёти Он ҳазрат (с) баробари бекор намудани маънои нубувват ва инкори он мебошад. Албатта, ин амалкард бадоҳатан, инкори худи дин ба шумор меравад. Агарчи чунин натиҷа аз забони бархе аз шарқшиносон ба таври ошкор набаромадааст, балки онҳо танҳо бо баёни заковати Паёмбар (с) ва то чи ҳад нобиғаву ҷасур ва кордон буданашон иктифо кардаанд. Ба ибораи дигар онҳо бо баёни муқаддима иктифо намуда, аз натиҷаву хулоса лаб накушоданд, зеро табиист, ки баъди қабул кардани муқаддима хулоса худ меояд.

Бо вуҷуди ин, иддае аз онҳо баъд аз он, ки дигар онро пинҳон дошта натавонистанд, аз баёни натиҷаву хулоса низ худдорӣ накардаанд. Монанди Шибли Шамел, ки бовар кардан ба динро баробар бо бовар кардан ба муъҷизаи муҳол номидааст.

Шумо худатон хуб медонед, ки агар асли дин мавриди шакку инкор қарор гирад, дар масъалаи инкори муъҷиза ва ё исботи он, ки нисбат ба дин чизи ҷузъӣ аст,  ҷойи баҳс нест. 

Дуюм: Вақте ба таърихи Паёмбар (с) ва ҳодисаҳои рӯгорашон менигарем, мебинем, ки Худованд муъҷизаҳои зиёдеро ба дасти эшон ҷорӣ намудааст, ки илоҷе барои напазируфтани он ва чорае барои рад кардани он нест. Зеро он ҳама ба мо бо санадҳои саҳеҳ ва мутавотир, ки фикру ақлро ба ҷазму яқин водор мекунад, омадааст.

Аз ҷумла муъҷизаи баромадани об аз ангуштони мубораки Он ҳазрат (с), ки онро Имом Бухорӣ дар “Боби таҳорат”, Имом Муслим дар “Боби фазоил”, Имом Молик дар Муваттаъ дар “Боби таҳорат” ва ҳамин тавр дигар имомон бо санадҳои гуногун нақл кардаанд. Ҳатто дар ин бора Имом Зарқонӣ аз Имом Қуртубӣ чунин овардаанд: “Баромадани об аз миёни ангуштони Он ҳазрат (с) якчанд бор дар мавзеъҳои гуногун рӯй додааст ва бо санадҳои зиёд ворид шудааст, ки он ҳама дар маҷмуъ илми ҷазмиеро ифода мекунанд, ки натиҷаи  тавотури маънавӣ мебошад”.

Боз аз ҷумла, ҳодисаи дар замони Он ҳазрат (с) бо талаби мушрикон ду ҳисса шудани моҳ аст, ки онро Имом Бухорӣ дар “Боби ҳадисҳои паёмбарон”, Имом Муслим дар “Боби сифати Қиёмат” ва дигар имомони илми ҳадис ривоят кардаанд. Ибни Касир дар бораи он чунин мегӯянд: “Дар бораи он ҳадисҳои мутавотир бо санадҳои саҳеҳ ворид шудааст…”.  Оид ба ин масъала миёни олимон ихтилофе вуҷуд надорад, ки он дар замони Паёмбар (с) ба вуқӯъ пайваста яке аз муъҷизаҳои ошкор будааст. 

Боз аз ҷумла ҳодисаи Исроъ ва Меъроҷ аст, ки ба муносибати он ин баҳс ҷараён дорад. Он ҳадиси муттафақун алайҳи буда, дар субути қатъии он шакке нест ва он ба иттифоқи ҷумҳури мусулмонон аз барҷастатарин муъҷизоти Он ҳазрат (с) мебошад. 

Аҷиб аст, ки ин нафароне, ки беист маҳз сифати нобиға будани Паёмбар (с)-ро тарвиҷ медиҳанд ва номи муъҷизаву ҳаводиси ғайриодиро аз рӯзгори Он ҳазрат (с) дур карданӣ мешаванд, ин ҳадисҳоро, ки дар саҳеҳ будан ба дараҷаи ҷазму яқин мерасад, нодида мегиранд. Дар бораи он ҳадисҳо на ҳукми қабул медиҳанд ва на ҳукми инкор. Гӯё китобҳои ҳадис аз он чизе нагуфтаанд. Дар ҳоле, ки ҳар яке аз онҳо бо даҳҳо санад ба субут расидааст.

Маълум аст, ки агар ба он ҳадисҳо назар кунанд, ба ишколи сахте дучор мешаванд. Аз ин лиҳоз, он ҳамаро нодида мегиранд ва худро ба нодонӣ мезананд. Зеро он ҳадисҳо дар тарафи тамоман муқобили он назарияашон, ки зеҳнашонро банд кардааст, қарор мегирад.

Сеюм: Вожаи “муъҷиза” агар дурусттар дар борааш фикр карда шавад, калимаест, ки маънои зотӣ (худӣ) надорад ва он чӣ ба воситаи он дар назар дошта мешавад, танҳо маънои нисбие мебошад. Зеро “муъҷиза” дар истилоҳи мардум корест, ки берун аз маълуф ва одат бошад. Ҳар чизи одӣ ва маълуф бо пешрафти замон ба ин ҳад расида, аз рӯйи ихтилофи фарҳангу маърифати мардум дигаргун мешавад. Масалан, як кор замоне пештар муъҷиза будааст, акнун имрӯз ба як чизи одӣ ва маъруф мубаддал шудааст. Ҳамин тавр коре дар як муҳити бофарҳангу тамаддун одӣ бошад, назди мардуми ибтидоӣ ва бетамаддун чун муъҷиза пазируфта мешавад.

Балки ҳақиқати ба ҳама мардуми оқил маълум ин аст, ки чизи одӣ ва ғайриодӣ ҳама дар асл муъҷиза мебошад. Зеро ситорагони осмон муъҷизаанд, ҳаракати фалакҳо муъҷиза аст, қонуни ҷозибияти замин муъҷиза аст, маҷмуаи асабҳои инсон муъҷиза аст, гардиши хун дар бадани инсон муъҷиза аст, ҷони дар баданаш буда муъҷиза аст, балки худи инсон муъҷиза аст. Донишманди фаронсавӣ Шоту Бреан, ки инсонро “ҷонвари метофизикӣ”(яъне, ҷонвари ғайбии номаълум) меномад, чӣ таърифи дақиқ кардааст! 

Вале инсон бо зиёд дидан ва пайваста бо ин ашё будан ҷиҳати муъҷизагӣ ва арзиши онро фаромӯш мекунад. Ӯ аз рӯйи нодонӣ ва ғурури худ гумон мекунад, ки муъҷиза танҳо ҳамон чизе аст, ки бар хилофи чизи одӣ ва маълуф бошад. Сипас, ҳама чизро ба меъёри ашёи одӣ ва маълуф бармекашад ва бар асоси он бовар кардан ва ё накарданашро муайян менамояд. Албатта, ин чиз сарфи назар аз он дараҷаҳое, ки шахс аз маданияту илм мерасад, ҷаҳолати аҷибе мебошад.

Бо каме андеша кардан барои инсон равшан мегардад, ки барои он худое, ки муъҷизаи ин оламро офарид, муъҷизаи дигареро овардан ва ё тағйиру табдил додани баъзе аз низомҳое, ки тибқи он ин оламро пайдо кард, кори душворе нест. Албатта, тавассути чунин андеша шарқшиноси англис Вилям Ҷонс ба хулосае омад, ки “он қудрате, ки оламро офарид, боз метавонад, ки чизе аз онро нест кунад ва ё ба он чизе илова намояд. Хеле осон аст, ки гӯем: ин чиз ба ақл тасаввур ношуданист. Вале ҳамон чизе, ки мо онро тасаввур ношуданӣ мегӯем, ба ҳадди вуҷуди олам тасаввур ношуданӣ нест”.

Яъне, агар ин олам вуҷуд намедошту ба шахсе, ки муъҷиза ва ҳаводиси ғайриодиро инкор намуда, онро тасаввур ношуданӣ меҳисобад, мегуфтанд, ки “оламе чунин пайдо мешавад”, вай дарҳол мегуфт, ки “ин кор бовар карданӣ нест”.  Ӯ тасаввури пайдоиши оламро сахттар аз он инкор мекард, ки пайдоиши муъҷизаеро тасаввур ношуданӣ мепиндошт.

Ин чизе буд, ки бояд онро ҳар фарди мусулмон дар бораи Паёмбар (с) ва он муъҷизоте, ки Худо бо он паёмбарашро икром кардааст, донад.

Мақоми муъҷизаи Исроъ ва Меъроҷ нисбат ба дигар ҳодисаҳое, ки он замон аз сари Паёмбар (с) гузашта буд. Паёмбар (с), чи тавре гуфта шуд, аз тарафи Қурайш ба ранҷу азоби зиёде дучор шуданд. Аз ҷумла, азобҳое, ки ҳини аз Тоиф баргаштан рӯ ба рӯ шуданд. Дар он дуояшон, ки ҳангоми дар боғи Рабеа барои истироҳат нишастан сӯйи Худо карданд, эҳсоси заъфу эҳтиёҷ ба мададгор, ки ҳар инсон ба он мувоҷеҳ мешавад, бармало зоҳир мегардад. Албатта ин як намоди бандагии инсон ба Худо мебошад.  Боз дар ин дуояшон андаке аз маънои шикояту гила ва умедворӣ ба офияту мадади Ӯ ба назар мерасад. Шояд Он ҳазрат (с) тарсиданд, ки он чӣ дида истодаанд, натиҷаи ғазаби Худо нисбат ба эшон аз пайи ягон кор аст. Аз ин ҷост, ки зимни дуояш чунин ҳам гуфтанд: “Агар нисбат ба ман ғазаби ту набошад, ман парвое надорам…”

Ҳамин тавр, меҳмонии Исроъ ва Меъроҷ баъди он ҳодисаҳо ба масобаи қадрдониву гиромидошт аз ҷониби Худо баҳри таҷдиди азм ва суботи Он ҳазрат (с) буд. Баъдан, боз далолат бар он мекард, ки он чӣ Паёмбар (с) аз қавмашон дида истодаанд, ба хотири он нест, ки Худо аз он кас даст кашида бошад, ё бар эшон ғазаб карда бошад. Балки муносибати Худо бо дӯстонашу дӯстдоронаш чунин аст. Қоидаи даъвати исломӣ низ дар ҳар давру замон ҳамин мебошад.

Маъное, ки аз ҳодисаи Исроъ ба Байтулмақдис фаҳмида мешавад. Аз он, ки ҳодисаи ба Байтулмақдис рафтани Паёмбар (с) ва ба осмонҳо баромаданашон дар як вақт сурат гирифт, ба хубӣ маълум мегардад, ки ин хона назди Худо чи маконате дорад ва то чи ҳад муқаддас мебошад. Боз аз он фаҳмида мешавад, ки таълимоти овардаи Исо (а) бо таълимоти Муҳаммад (с) алоқаи мустаҳкам дорад ва тамоми паёмбаронро дини ягонае ба ҳам мепайванад, ки Худованд онро барояшон фиристода буд. Боз ин ҳодиса далолат бар он мекунад, ки то чи ҳад бояд мусулмонон дар давру замон ин ҷойи муқаддасро муҳофизат кунанд ва онро аз чанголи бегонагону душманони дин ҳимоя намоянд. Гӯё ҳикмати илоҳӣ мусулмонони ин замонро ҳушдор медиҳад, ки хор нашаванд, наҳаросанд ва дар муқобили душманиву ҳамлаҳои яҳуд ба ин ҷойи муқаддас нишастамондагӣ накунанд, онро аз палидии яҳудиён тоза намуда, ба соҳибони муъминаш бозгардонанд.

Кӣ медонад? Шояд ҳамин ҳодисаи Исроъ буд, ки Салоҳуддин Аюбиро илҳом бахшиду ҳама ҷидду ҷаҳдашонро барои боздоштани ҳамлаҳои салибӣ аз ин ҷойи муқаддас сарф намуданд ва ниҳоят онҳоро  дасти холӣ ба ақиб гардониданд.Ба ҷойи шароб ширро интихоб кардани Паёмбар (с) ҳангоме ки Ҷабраил он дуро барояш пешкаш намуд, далолат бар он мекунад, ки Ислом дини фитрат мебошад. Яъне, динест, ки дар  ақидаву тамоми аҳкомаш бо майли аслии фитрати инсонӣ мутобиқат ва ҳамбастагӣ дорад. Дар Ислом чизе нест, ки ба табиати аслии инсонӣ мухолиф бошад. Агар фитрат як ҷисми болову паҳн мебуд, ҳароина Ислом ба андозаи он ҷомаи муносибе мешуд. Ин аст сирри интишори васеъ ва суръати пазируфта шудани он аз тарафи мардум. Зеро инсон ҳар қадаре ки ба дараҷаҳои баланди тамаддун барояду саодати моддиро ноил гардад, боз майлаш ба иҷобат кардани рағаботи фитраташ бештар мешавад ва ҳамон қадар талош мекунад, ки аз банди такаллуфот ва бастагиҳои дур аз табиаташ раҳоӣ ёбад. Ислом ягона низоме мебошад, ба ниҳонитарин рағаботи фитрати инсонӣ гӯш медиҳад.

Ҳодисаи Исроъ ва Меъроҷ ба иттифоқи ҷумҳури мусулмонони пешину ҳозир якҷоя бо рӯҳу тан шудааст. Имом Нававӣ дар шарҳи Саҳеҳи Муслим чунин мегӯянд: “Андешаи дурусте, ки аксари мардум, бештари салаф ва оммаи фақеҳону муҳаддисон ва аҳли каломе, ки баъдтар омадаанд, бар онанд, ин аст, ки Паёмбар (с) бо ҷасадашон ба Исроъ бурда шуданд. Ҳама осори дар ин бобат омада, ба ҳамин чиз далолат мекунад ва касе, ки мехонад, барояш ҳамин далел аст. Барои он ки аз маънои зоҳири он осор гузашт кунем ва ифодаи ҳамон маънои фаҳмидашударо муҳол донем, моро далеле мебояд ва ба  таъвил эҳтиёҷ падид меояд”.  

Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар шарҳи Саҳеҳи Бухорӣ оид ба масъалаи мавриди назар чунин меоранд: “Исроъ ва Меъроҷ дар як шаб дар ҳолати бедорӣ якҷо бо ҷасаду рӯҳ ба вуқӯъ пайвастааст. Бар ҳаминанд ҷумҳури олимони ҳадис, фақеҳон ва аҳли калом. Зоҳири ахбори саҳеҳ  низ ҳамин хел омадааст. Аз ин рӯ, набояд онро нодида гирифт, зеро ақл  онро муҳол намешуморад, ки ба таъвил ниёз падид ояд”.

Боз аз ҷумлаи далелҳои раднопазире, ки ба якҷо бо ҷасаду рӯҳ будани Исроъ ва Меъроҷ метавон овард, он аст, ки чи тавре гуфта омад, мушрикони Қурайш воқеъ шудани чунин ҳодисаро душвор ҳисобиданд ва аз он таҷҷуб намуда дарҳол инкор карданд. Чунки агар масъала мутааллиқ ба хоб мебуду Паёмбар (с) он ҳодисаро барои онҳо чун хоби дидаашон матраҳ менамуданд, Қурайш онро бе ягон тааҷҷубу инкор ва ё душвор ҳисобидан қабул мекард. Зеро ба ҳама маълум аст, ки доираи имконияти хоб беҳудуд буда, гузашта аз ин, имкон дорад, ки ин гуна хобро шахси мусулмон ҳам бинаду шахси кофир ҳам. Агар масъала чунин мебуд, ҳаргиз аз Паёмбар (с) ба хотири мот кардан дар бораи нишонаҳои Байтулмақдис ва дарвозаву сутунҳои он намепурсиданд.

Аммо дар бораи он ки ин муъҷиза чи гуна сурат гирифтаасту ақлро онро чи хел қабул мекунад, бояд гуфт, ки он мисли дигар муъҷизоти коинот ва ҳаёт сурат гирифтааст. Камтар пештар гуфта гузаштем, ки ҳама намодҳои ин коинот дар асл муъҷизае мебошанд. Аз ин рӯ, чи хеле ки ақл онҳоро ба таври осону саҳл мепазирад, метавонад ин ҳодисаро низ чунин осону саҳл тасаввур намуда қабул намояд.

Вақте шумо дар бораи ҳодисаи Исроъ ва Меъроҷ хонданӣ мешавед, аз китобе бо номи “Меъроҷи Ибни Аббос” эҳтиёт кунед. Ин китобест, ки аз ҳадисҳои ботилу беасос таълиф шудааст. Он нафаре, ки ба чунин кори пасту зишт даст задааст, хостааст, онро ба Ибни Аббос (раз.) нисбат диҳад. Ба ҳама аҳли илм ва ҳатто нафаре, ки аз неъмати ақл бархурдор аст, медонад, ки Ибни Аббос (раз.) аз ин сафсатаҳо ориву поканд. Он кас дар бораи Меъроҷи Паёмбар (с) китобе нанавиштаанд. Балки худи кори таълиф дар охирҳои аҳди Умавиён пайдо шудааст.

Чун китоби мазкур ба дасти даъватгарони бадсиришт афтоду онҳо дар он  аз ҳадисҳои бофта ва мансуб ба Паёмбар (с) барои худ чизеро ёфтанд, ки ба халалдор намудани имони аксари мардум мусоидат мекунад, ба тарвиҷу нашри он пардохтанд. Аз ҷумлаи касоне, ки дар бораи ин китоб бо мадҳу қадрдонӣ навиштааст, Луис Иваз мебошад. Ин олим ба таъриф ниёз надорад. Бо вуҷуди он ки ин нафарон хуб медонанд, ки китоби мазкур ба дурӯғ ба Ибни Аббос нисбат дода шуда, ҳадисҳои он ботилу беасос мебошанд. Вале агар дар дурӯғ чизе бошад, ки афкори мусулмононро мушавваш мекунаду динашонро мавриди шубҳа қарор медиҳад, назди ин ҷанобон он дурӯғ зуд ба ҳақиқат мубаддал мегардад.


Барои маълумоти бештар оид ба ҳодисаи мазкур ба Саҳеҳи Имом Бухорӣ ва Саҳеҳи Имом Муслим нигаред.

Аз ҷумлаи ин нафарон муаллифи китоби “Зиндагонии Муҳаммад” Муҳаммад Ҳусайн Ҳайкал мебошад, ки бо ҳар роҳу восита хостааст, ин чунин ҳадисҳоро сарфи назар намояд, то андешаи ботили худро исбот созад.

 Нависанда ва адабиётшиноси маъруфи муосири мисрӣ  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *