11 июня, 2025
# Tags
#ХОВАР

Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва олимони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд






ДУШАНБЕ, 14.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва олимони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид.

Дар ифтитоҳи кори форум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, раиси Раёсати Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Полад Булбул оғлу ва намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия оид ба ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ Михаил Швидкой сухан намуданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни ифтитоҳи форум иброз дошт, ки «ҳадафи аслии форум баррасии масъалаҳои ҳамкории башардӯстона ва корҳои муштарак дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ, варзиш ва кор бо ҷавонон мебошад. Баргузории форум ба рушди ҳамкории давлатҳои мустақил дар бахшҳои илмию техникӣ ва инноватсионӣ мусоидат менамояд».

Форум ба ҳайати  фарҳангӣ ва илмӣ-маърифатии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муттаҳид барои иртиботи мустақими касбӣ, муҳокима ва дастгирии лоиҳаҳои дахлдор дар бахшҳои маориф, илм, адабиёт, санъати тасвирӣ ва дигар соҳаҳои ҳамкории байнифарҳангӣ дар кишварҳои иттиҳод имкони беназир фароҳам меорад.

«Итминони комил дорем, ки натиҷаҳои форум дар Душанбе дар рушди иқтидори фарҳангӣ ва илмии мамлакатҳои мустақил саҳми арзанда гузошта, дурнамои нави ҳамкории зеҳниро боз мекунад ва ба тарғиби идеяҳои пешрафт, маориф ва дӯстии халқҳо мусоидат менамояд»,-гуфт Дилрабо Мансурӣ.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки «бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва мамлакатҳои дигари ҷаҳон пайваста рушд меёбад. Яке аз соҳаҳое, ки ба низом ва густариши ҳамкории давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мусоидат менамояд, ин соҳаи илм ба шумор меравад. Ба роҳ мондани ҳамкории густурда бо Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва баргузор намудани ин форуми сатҳи байналмилалӣ дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе бори дигар барои мустаҳкам гардидани ҳамкории мамлакатҳои мустақил замина мегузорад».

Дар идомаи форум маросими супоридани ҷоизаҳо ба барандагони Ҷоизаи асосии байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  «Ситораҳои Иттиҳод» барои дастовардҳои барҷаста дар соҳаи санъат, илм ва маориф, ҳамзамон барандагони ҷоизаи ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Иттиҳоди дебютҳо» баргузор шуд.

Форум, ки дар он зиёиёну эҷодкорони варзида, роҳбарияти муассисаҳои илмии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок доранд, пагоҳ, 15 май низ идома меёбад.

Бояд гуфт, ки қабл аз оғози баргузории форум иштирокчиён  ба хотири гиромидошти таъриху тамаддуни куҳанбунёди миллати тоҷик дар назди муҷассамаи Асосгузори нахустин давлати тоҷикон- шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд. Меҳмонон инчунин бо намоиши дастоварду натиҷаҳои илмии муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шинос шуданд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»



Манбаъ

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *