Давлати коммунистии Чин вазири хориҷаи худро барканор кард. Барканории Син Ган, ки ҳафтаҳо “нопадид” шуда буд, ба таври расмӣ эълом шуд. Бо ин ҳол гумоназаниҳо дар бораи иллати ғайбати тӯлонӣ ва сипас барканории ӯ ҳамчунон идома дорад.
Расонаҳои давлатии Чин гузориш доданд, ки Син Ган, вазири хориҷаи ин кишвар аз самташ барканор шудааст. Ин сиёсатмадори аршади чинӣ ҳафтаҳо дар маҳзари умумӣ зоҳир нашуда буд. Шабакаи телевизионии давлатӣ «CCTV» (China Central Television) гузориш дод, кумитаи доимии Кунгира халқ ба барканории вазири умури хориҷа раъй додааст.
Бар асоси ин гузориш Ван И, вазири хориҷаи пешин ва масъули умури хориҷаи ҳизби Коммунист қарор аст бори дигар масъулияти ин вазоратхонаро бар ӯҳда бигирад. Расонаҳои чинӣ ба иллати барканории Син Ган ишорае накардаанд.
Ин сиёсатмадори 57 сола декабри 2022 ин самтро бар ӯҳда гирифта буд. Ў пеш аз ин сафири Чин дар Амрико ва муовини вазири умури хориҷаи Чин буд.
Гумонзаниҳо дар бораи ғайбати Син Ган
Охиринборе, ки Син Ган дар як нишасти расмӣ зоҳир шуд ба рӯзи 25 июн, ҳудуди як моҳ пеш боз мегардад. Дар он рӯз ӯ бо Андрей Руденко, муовини вазири хориҷаи Русия дар Пекин мулоқот кард. Аммо қарорҳои баъдӣ монанди дидор бо Жозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ё ширкат дар нишасти вазирони хориҷаи иттиҳодияи “АСЕАН” лағв шуданд. Вазорати хориҷаи Чин эълом карда буд, ки Син Ган ба иллати мушкилоти саломатӣ наметавонд дар ин нишастҳо ҳузур ёбад.
Аммо ҳафтаҳост, ки гумонзаниҳо дар бораи далоили эҳтимолии “нопадид шудан”-и Син Ган ба вижа дар фазои маҷозӣ, аз ҷумла овозаи робитаи ин сиёсатмадори оиладор бо як муҷрии телевизионӣ, идома дорад.
Пешинаи нопадид шудани мақомот ва чеҳраҳои машҳур дар Чин
Нопадид шудани мақомоти аршад, афроди саршинос ва соҳибкорон як иттифоқи роиҷ дар Чин аст. Ағлаб баъд аз муддате фош мешавад, ки ин афрод таҳти таҳқиқоти қазоӣ ва ё даргири мавриди баҳсбарангези дигар будаанд.
Яке аз шинохташудатарин намунаҳо дар солҳои ахир, Мэн Ҳунвэй, раиси собиқи Интерпол аст, ки дар сафаре ба Чин дар соли 2018 нопадид шуд. Ду сол баъд, додгоҳе дар Чин ӯро ба далели дарёфти ришва ба ҳабси тӯлонимуддат маҳкум кард.
Дар соли 2021, парвандаи теннисбози собиқи чинӣ Пэн Шуай таваҷҷуҳи афкори умумии ҷаҳонро ба худ ҷалб кард. Ин қаҳрамони ҷаҳонӣ дар тенниси дунафара дар моҳи ноябри соли гузашта мақолаеро дар як шабакаи иҷтимоии чинӣ мунташир кард, ки нозирон онро иддаои таҷовузи ҷинсӣ тавассути як мақомӣ баландпояи ҳизби Коммунист тафсир карданд. Ин пост ҳазф шуд ва барои муддате хабаре аз Пэн Шуай дар анзори умумӣ набуд, то ин ки ӯ дар моҳи декабр дар як гуфтугӯи видеоӣ бо як расонаи сингапурӣ муддаӣ шуд ҳеҷ вақт нагуфта, ки мавриди озору таҳоҷуми ҷинсӣ қарор гирифтааст.