Рубрики Хабарҳо

Раҳмону Мирзиёев муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд

Дар як гуфтугӯи телефонӣ раисҷумҳурони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон тавсеаи муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои мубориза бо Ковид-19 -ро баррасӣ карданд.

Раиси Ҷумҳурии Ӯзбеакистон «Шавкат Мирзиёев» ва  Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон «Эмомалӣ Раҳмон » дар ин гуфтугӯи телефонӣ аз натиҷаҳои нишастҳои дуҷонибаи баргузоршуда дар моҳи сентябр  монанди нишасти камиссияи муштараки байнидавлатӣ, ҳамоиши бозаргонӣ, дидори намояндагони порлумонҳо ва ифтитоҳи тавлидоти муштарак  ибрози хурсандӣ карданд .

Тавре расонаҳои узбекӣ қайд кардаанд, раисҷумҳурони  Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба мақомоти ду кишвар дастур додаанд барои ҳамкориҳои ҳамаҷониба ва танзими дастури кории нишасте, ки ба зудӣ байни мақомоти аршади ду кишвар  баргузор хоҳад шуд нақшаи роҳ тадвин кунанд .

Шавкат  Мирзиёев дар ин гуфтугӯи телефонӣ, ки рӯзи 5 октябр суръат гирифтаааст, ба Эмомалӣ Раҳмон шасту ҳаштумин солгарди таваллудашро табрик гуфта, баргузории муваффақиятомези интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи 11 октябрро орзӯ кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон низ бобати кӯмаки амалии Ӯзбекистон дар мубориза бо бемории хатарноки « Ковид -19 » изҳори  қадрдонӣ кардааст.

Равобити Тоҷикистон ва Ӯзбекистон  баъд аз марги Ислом  Каримов, раиси ҷумҳурии ин кишвар   фасли тозаеро оғоз карда ва гармтар шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *