Рубрики Хабарҳо

Хонаводаи Маҳмурод Одинаев дархости адолат карданд

Ҳамсар ва писарони Маҳмурод Одинаев, муовини боздоштшудаи раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, дар як муроҷиати видеоӣ аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, ба баррасии одилонаи қазияи ӯ ва писараш Шайхмуслиҳиддин мусоидат кунад. Вокуниши дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ба ин паём дастрас нашудааст.

Изҳороти наздикони Одинаев пас аз мулоқот бо ӯ дар боздоштгоҳ ё СИЗО-и рақами яки Душанбе пахш гашт. Ин дар ҳолест, ки пештар мақомот хабар дода буданд, Маҳмурод Одинаев дар боздоштгоҳи Ҳисор аст ва парвандаи ӯро мақомоти ин шаҳр баррасӣ мекунанд. Пайвандонаш гуфтанд, танҳо баъди се ҳафта ҷойи нигаҳдории ӯро дақиқ карданд.

Ба иттилои Радиои Озодӣ Меҳрнигор Ризоева, ҳамсари Маҳмурод Одинаев, дар муроҷиати худ ба раисҷумҳур гуфтааст, ба ҷойи шавҳараш аз намояндагони комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор узр пурсид ва мехоҳад, қазияи ӯро мунсифона баррасӣ кунанд.

Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон боздошти баҳсбарангези муовинашро барномарезишуда номид.

Маҳмурод Одинаев ягона узви баландпояи Ҳизби мухолифи сотсиал-демократ нест, ки дар солҳои ахир боздошт мешавад. Пеш аз ин мақомот Бузургмеҳр Ёров ва Шӯҳрат Қудратов, аз фаъолони ҳизбро боздошт ва ба зиндон маҳкум кардаанд. Ёров ҳанӯз дар зиндон аст, Шӯҳрат Қудратов баъди адои қариб чаҳор соли зиндон озод шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *