Рубрики Хабарҳо

Рақси якмиллиардӣ ва ҳиммати 400-миллионӣ

Дар буҷаи имсолаи Тоҷикистон наздик ба 1 миллиард сомонӣ (4 дарсади буҷа) барои рақсу бозӣ пешбинӣ шудааст. Бо забони расмӣ “гузаронидани ҷашну маросимҳои фарҳангӣ ва варзишӣ”. Агар боз расмитар кунем, барои фарҳанг ва варзиш.

Аммо чун фарҳанги ҳукумати кишвар дар рақсу бозӣ ва варзишаш бо “дави миллӣ” маҳдуд мешавад, мо ҳам зиёд расмӣ намекунем ва мегӯем барои гузаронидани ҷашну маросимҳои фарҳангӣ ва варзишӣ. Рақами дақиқ ҳам ин аст: 972 миллиону 620 ҳазор сомонӣ. 

Як масъули Вазорати молия дар сӯҳбати телефонӣ ба Паём гуфт масрафи рақсу бозӣ номидани буҷаи фарҳангу варзиш дуруст нест. “Масъала ин хел нест, ки шумо фикр мекунед. Инҷо сохтмони майдону толорҳои варзишӣ, театру намоишгоҳҳо, рушди худи фарҳангу варзиш дар кишвар, ҷашни истиқлолияту сарқонуну ваҳдат ва ғайра низ дар назар гирифта шудааст”. 

Воқеъан сохтмони варзишгоҳҳо ва маконҳои тафреҳӣ аз қабили театру чойхона рақсу бозӣ нест. Аммо масъала инҷост, ки оё дар ҳақиқат ин гуна иншоот аз ҳисоби буҷа сохта мешаванд? Дақиқ кардани ин кори чандон мушкиле нест. Ба ҳисобот ва хабарҳои соли гузашта нигоҳ кунед. Новобаста аз он ки соли гузашта ҳам барои ҳамин ҳадаф, яъне фарҳангу варзиш 760 миллиону 717 ҳазор сомонӣ ихтисос дода шуда буд, ки аз ҷумла сохтмони варзишгоҳҳоро дарбар мегирифт, ҳамагӣ 3 ё 4 варзишгоҳ аз ҳисоби буҷа сохта шудааст.  Маблағгузорони сохтмони на танҳо аксари кулли варзишгоҳҳо ва бунгоҳҳои тиббиву марказҳои тафреҳӣ, балки 80%-и мактабу боғча соҳибкорон буданд. 80% гуфтан ба ин маънӣ нест, ки 20 дарсади мактабҳо аз ҳисоби буҷа сохта шудаанд. Он 20% аз ҳисоби грант ва гоҳе қарз бунёд ёфтаанд. 

Пас, оё ҳамаи 972 620 000 барои ҷашнҳо масраф мешаванд?

Дар асл, аксари ин маблағҳо дуздида мешаванд. Дуздидани пул аз ин соҳа бисёр осон аст. Қаблан то 50 дарсади онро медуздиданд. Масалан барои сохтмони иншооти варзишӣ ё фарҳангӣ 1 миллион ҷудо мешавад, ба 500 ҳазораш онро бунёд мекунанд ва 500 ҳазорашро чанд нафар ба киса мезананд. Ё барои ҷашнгирии Истиқлолият 100 миллион ҷудо мекунанду 50 миллионашро медузданд. Аммо ҳоло 90 дарсади масрафи ин сохтмонҳо ва ҳатто ҷашнҳо давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону мардуми оддӣ аст, аммо бо вуҷуди ин маблағҳои ҳангуфт ба ин соҳа ҷудо карда мешавад.  

Хабарҳои расонаишуда дар як соли гузашта нишон медиҳанд, ки воқеъан бештари масрафҳои на танҳо ҷашну маросимҳои давлатӣ, балки ҳатто сафарҳои раисҷумҳур аз ҳисоби соҳибкорон ва мардуми оддӣ аст. Барои ин на танҳо аз соҳибкорон маблағ ҷамъ мекунанд, балки мардумро маҷбур мекунанд садҳо нафар ҳамроҳону балегӯёни раисҷумҳурро дар хонаҳояшон ҷой дода бо хӯрду хӯрок таъмин намоянд. 

Барои мисол, дар ҷашни Ваҳдат, ки соли гузашта дар ноҳияи Рашт баргузор шуд, беш аз 400 хонавода муваззаф шуда буданд “меҳмонони олиқадр”-ро қабул намоянд. Иштиҳои ин “меҳмонони олиқадр” мавзӯъи баҳси дигар аст, ки дар ояндаи наздик ба он хоҳем парохт. 

Яъне мақомот бо баҳонаи ҷашн ду маротиба мардумро ғорат мекунанд: як маротиба барои ин ҷашнҳо аз буҷа, ки аз ҳисоби мардум таъмин мешавад маблағ ҷудо намуда онро медузданд ва маротибаи дуввум мардумро маҷбур мекунанд барои ҷашнҳо пул пардохт кунанд. 

Мутаассифона наздик ба як миллиард барои рақсу бозӣ мусибати ягона дар тақсими пули буҷа нест. Наздик ба 400 миллион сомонии дигари буҷа ба Бунёди захиравии раисҷумҳур ихтисос дода шудааст. Ин маблағ аз баробари расиданаш ба бунёди раисҷумҳур комилан дар ихтиёри ӯ қарор мегирад ва дигар касе на танҳо ҳақи тафтиши он, балки ҳақи пурсидани ин ки маблағҳо ба куҷо масраф мешаванд, надорад. 

Соли гузашта вакилони “мардумӣ” ҳиммат карданд ва ба Бунёди раисҷумҳур 350 миллион сомонӣ аз ҳисоби мардуми саховатманди кишвар тақдим намуданд, аммо Эмомалӣ Раҳмон барои як сомониаш ҳам ҳисобот надод, ки пули мардумро чӣ кор кард. 

Имсол худи раисҷумҳур “ҳимматбаландона” як масраф аз бунёди захиравиашро эълон кард: нашри китоби “Тоҷикон”- Бобоҷон Ғафуров ва тақдими он ба ҳар хонаводаи кишвар. Чӣ хеле, ки худаш эълон кард “аз номи сарвари давлат”…

Мушкили тақсими буҷа бо масрафи ғайриоқилона ва золимонаи қариб якуним миллиард сомонӣ пули бо арақи ҷабин ҷамъовардаву ба давлатдодаи мардум тамом намешавад. Ба бахшҳои дигари он ба зудӣ хоҳем пардохт. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *