Эдвард Сноуден, ифшогари номдор ва ҳамкори собиқи сервисҳои иттилоотии Амрико, дар иртиботе видеоӣ бо «кунгураи ҳакерҳои ҷаҳон», ки ахиран дар шаҳри Лойпзиги Олмон баргузор шуд, ба ҳакерҳои саросари ҷаҳон паём дод.
Кунгураи ҳакерҳои ҷаҳон, мавсум ба «chaos communication congress», ҳар сол ба муддати чанд рӯз дар яке аз шаҳрҳои Олмон баргузор мешавад. Ин кунгура, ки дар соли 1984 таъсис шуд, аз соли 2013 бо ифшогариҳои Эдвард Сноуден, корманди собиқи Созмони Иттилооти Маркази Амрико (CIA) ва паймонкори собиқи ожонси амният миллии ин кишвар дар бора контрол ва назорати сервисҳои иттилоотӣ бар зиндагии шаҳрвандон, бо истиқболи зиёде рӯ ба рӯ шуд. Дар ҳамон сол ҳудуди 9 ҳазор ҳакер дар ин кунгура ширкат карданд. Шумори ширкаткунандагон дар соли 2015 ҳатто ба 13 ҳазор тан расид.
Ба гузориши хабаргузории «Дойчевеле» дар рӯзҳои поёнии соли ҷорӣ (2017) ин кунгура бори дигар дар шаҳри Лойпзиг баргузор шуд. Эдвард Сноуден аз тариқи видео бо ин нишаст ва ҷомеаи ҳакерҳои ҷаҳон иртибот барқарор кард ва ба онон паём дод.
Ин ифшогари номдори 34 сола, ҳакерҳои ҷаҳонро ба амали интиқодӣ фарохонд ва гуфт «ҳакер касе аст, ки шак мекунад ва бадгумон аст». Сноуден афзуд: «рӯйдодҳои имсол собит кард, ки шакандешии мо аз чӣ аҳамияте бархурдор аст.»
Сноуден, ки дар соли 2013 ҷосусиҳои ожонси амнияти миллии Амрико аз шаҳрвандонро аланӣ кард, дар ҳоли ҳозир дар табъид дар Русия ба сар мебарад. Ӯ дар паёми худ ҳамчунин гуфт: «кори мо ҳаргиз чунин муҳимм набудааст. Ҷаҳон рӯи мо ҳисоб мекунад.»
Моҷарои кумаки паноҳҷуён ба фирорм Сноуден
Пас аз инки Сноуден ҷосусии густардаи сервиси махфии Амрико аз шаҳрвандонро ифшо кард, шахсе ба номи Ричард Тибу, ки вакили ҳуқуқи башарӣ аст дар июни соли 2013 фирори Сноуден аз «ҳотели Миро» дар Ҳонконгро созмонедҳӣ кард. Ин кор дар шароите сурат гирифт, ки маъмурони иттилоотии Амрико дар Ҳонконг дар паи Сноуден буданд.
Ричард Тибу дар кунгураи ахири ҳакерҳо дар Лойпзиг тавзеҳ дод, ки чигуна мувакили худ Сноуденро дар миёни соири мувакилони паноҳҷӯ ва оворааш аз Шри-ланка ва Филипин пинҳон кардааст, зеро онҷо охирин ҷое буд, ки касе метавонист думбол Сноуден бигардад.
Ин ҳуқуқдон ҳамчунин тасреҳ кард, ки аз замоне, ки маълум шуд паноҳҷуён ва оворагон ба фирори Сноуден кумак кардаанд, авзоъи онон ба шакле драматик вахимтар шудааст. Ҳимоятҳо аз онон ба шиддат коҳиш ёфтааст ва бисёре дар маърази ихроҷ қарор гирифтаанд.
Шуморе аз паноҳҷуён низ, ки аз тариқи видео бо кунгираи ҳакерҳо иртибот барқарор карданд, таъкид карданд, ки дар ҳар замоне ҳозиранд кумакеро, ки ба фирори Сновден карданд такрор кунанд.
Сновден низ дар ҳамин робита дар паёми худ аз ширкаткунандагон дар кунгура хост барои як лаҳза ҳам шуда худро ба ҷои паноҳҷуён бигузоранд. Ӯ гуфт: «ҳарфҳои баде дар бораи паноҳҷуён зада мешавад, аммо ман дар миёни онон бо касоне ошно шудам, ки беҳтарин инсонҳое ҳастанд, ки дар тамоми умрам дидаам. Онон ҳеҷ чиз надоштанд, аммо ҳозир буданд ба ҳар риске даст бизананд, он ҳам барои фарде, ки ӯро намешинохтанд.»
Вақте як нафар аз миёни ҷамъият аз Сновден пурсид, ки оё дар Ҳонконг бо намояндагони расмии Русия мулоқот доштааст, Сновден ба ин савол посухе надод. Аммо якбори дигар ин иттиҳомро рад кард, ки ӯ ҷосуси Русия аст.