Зимни сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон ба Иёлоти Муттаҳида, ки аз 15 то 17 май идома мекунад, ба маблағи $4,8 млрд шартномаҳои ҳамкорӣ имзо шудааст.
“Зимни сафар байни ширкатҳои Ӯзбекистону ИМА беш аз 20 созишномаи бузурги ҳамкорӣ ба имзо расид, ки дар ҳоли ба иҷро расиданашон маблағи беш аз 4,8 миллиард долларро таҳкил дода, ба боқӣ мондани 10 ҳазор ҷои корӣ дар ИМА мксоидат менамояд, ҳамчунин роҳро барои имзои созишномаҳои бисёрмиллиардӣ дар оянда боз мекунад” — омадааст дар баёнияи маркази матбуотии раисҷумҳури ИМА.
Бо назардошти пружаҳои дарназаргирифташуда ва ҳамкориҳои ҳарбӣ, маблағи умумии созишномаҳо байни ин ду кишвар метавонад ба $8,5 млрд расад.
Ҷузъиёти ҳамкоиҳои ояндаи ҳарбии ин ду кишвар, ки Доналд Трамп ба он ишора крад, ифшо нашудаанд, вале бархе расонаҳо навиштаанд Ӯзбекистон аз ИМА системаи мушаки зидиҳавоӣ, тайёраҳои бесарнишин ва васоити алоқа харидорӣ хоҳад кард.
Ҳамчунин ҷалби ширкатҳои бузурги амрикоии Chevron ва Exxon Mobi барои кофтукобҳои геологии газу нафт ва метали ранга ва General Electric барои таъмири истгоҳҳои электрикӣ дар назар гирифта шудааст.