Рустами Эмомалӣ ба ишғоли курсии раёсатҷумҳурӣ омода мешавад. Дар як муддати кӯтоҳ ӯ чанд зинаи мансабҳои баланди давлатиро тай кард. Акнун чун шаҳрдори пойтахт бояд натиҷаҳои мушаххасе нишон диҳад.
Ҳарчанд ӯ беҳбудие дар зиндагии сокинони пойтахт наовард, аммо як соли охир тавонист симои пойтахтро тағйир диҳад. Ва бояд иқрор шуд — онро беҳтар кард. Вале суоли матраҳ ин аст, ки бо чӣ қимате?
Пулҳо
Дап як сол аз буҷаи шаҳрдорӣ таъмири се пул маблағгузорӣ шудааст. Қимати таъмири як пул 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ё 360 ҳазор доллар аст, ки дар ҷамъ таъмири ҳар се пул миллион доллар мешавад. Ва ягона “таъмир”-е, ки болои ин пулҳо анҷом шуд, васли шабчароғҳо мебошад.
Ин шабҷароғҳо ба чӣ дарде мехуранд, дар ҳоле, ки аллакай соати 11 тамоми фаввораҳо аз кор мемонанд ва мардум маҷбуран ба хонаҳояш дароварда мешавад?
Албатта ин шабчароғҳо ба ҳусни шаҳр ҳусни нав зам мекунанд, вале барои мардум беҳтар буд агар ин миллион доллар барои кӯмаки тиббӣ барои ниёзмандон ё таъсиси ҷойҳои корӣ сарф мешуданд.
Истгоҳҳо
Шаҳрдорӣ расман 30 истгоҳро ба қимтаи 9 миллион сомонӣ ба истифода дод. Яъне як истгоҳ барои буҷа, аниқтараш кисаи сокинони шаҳр 30 ҳазор доллар, ё нархи як иморати дуошёнагии ҳаштҳуҷрадор тамом шуд.
Сохтмони истгоҳҳои сиҳазордолларӣ дар пойтахт идома дорад. Истгоҳ албатта бад нест, аммо 30 ҳазор доллар барои як истгоҳ дараҷаи олии исроф аст. Бахусус барои шаҳре, ки 30 дарсади аҳолиаш зери хати фақр зиндагӣ мекунад. Барои маълумот: қимати аслии ин истгоҳҳо тибқи ҳисоби мутахассисон аз 3 ҳазор доллар бештар нест.
Истгоҳ дар асл як нуқтаи ишорашудаи таваққуфи нақлиёти ҷамъиятӣ барои гирифтани мусофирон аст. Барои он ҳеҷ зарурати сарфи 30 ҳазор доллар вуҷуд надорад. Дар ҳеҷ кишвари ҷаҳон ҳам ин масрафи бузургро касе накардааст.
Барои истгоҳҳои дорои хунуккунакҳои сифати олӣ, ки дар Дубай насб шудаанд, ҳамагӣ 4000 долларӣ масраф шудаанд, ки ними ин масрафҳо барои хунуккунак ва тоблуи ҳаракати нақлиёт сарф гаштааст.
Дар Бритониё истгоҳро танҳо як тоблуе, ки рақаму вақти ҳаракати нақлиёти ҷамъиятиро нишон медиҳад, нишонагузорӣ шудааст. Ҳамин усул дар Олмон, Суис ва Фаронса, ки бойтарин кишварҳои дунё ҳастанд, истифода мешавад.
Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ сохтмон беҳтарин роҳи пулшӯӣ аст. Бо таъмири пулҳо ва сохтмони истгоҳҳо шаҳрдории Душанбе бузургтарин қаллобҳои пулшӯйро бо як нӯл задааст. Пулшӯӣ дар таъмири пулҳову сохтмони истгоҳҳо дар муқоиса бо пулшӯии дигар бозии кӯдакона аст:
Роҳҳо
Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ эълом кард, ки дар наздиктарин фурсат шоҳроҳи асосии Душанберо, ки тӯлаш 8 километр аст таъмир хоҳад кард.
Тибқи гузориши Азия Плюс таъмири капиталии 1 километри ин роҳ барои буҷаи шаҳр 1 миллиону 300 ҳазор доллар тамом хоҳад шуд. Дар умум барои ин “таъмири аср” $10 млн 400 масраф мешавад.
Агар “таъмири кӯчак” (феълӣ — текущий) анҷом шавад, барои ҳар километри роҳ ба ҳисоби миёна $400 ҳазор масраф мешавад. Барои 8 километр $3 млн 200.
Таъмири намои сохтмонҳо
Якуним соли охир намои бештари сохтмонҳои Душанбе ба ранги гулобӣ иваз карда шуд. Намешавад гуфт, ки зебо нест. Мушкили аслӣ дар ин аст, ки таъмир аз ҳисоби худи сокинони шаҳр анҷом мешавад.
Дақиқае тасаввур кунед: шумо якуним ҳазор сомонӣ моҳона мегиред, андоз месупоред ва бояд бо ин пул як моҳ зиндагӣ кунед. Бар замми ҳамаи ин шуморо фасодкор мехонанд, чун корманди давлатӣ ҳастед. Боз ҳар замон аз шаҳрдорӣ наздатон меоянд ва болоятон фишор меоранд, ки бояд барои таъмири намои бинои истиқоматиатон 1000 сомон супоред. Фармони Рустами Эмомалӣ.
????????????????????????????????????
Бунёди боғҳои истироҳатӣ
Бунёди боғҳои истироҳатӣ дар шаҳрҳо сутуданист — сокинон ҷое барои сайругашт пайдо мекунанд. Вале вақте ҳамагӣ баъди чанд моҳи таъмир ё сохтмон боғ азнавсозӣ ё таъмир мешавад, суолҳои зиёде пайдо мешаванд. Барои мисол боғи назди Театри опера ва балет ҳамагӣ ду моҳ қабл аз он ки шаҳрдори нав онро хароб кунад, бунёд шуда буд.
Ё боғи рӯбарӯи истироҳатгоҳи ҳукуматӣ. Онро ҳам ҳамагӣ ду сол қабл бунёд карда буданд.
Ҳамин тавр сохтмонҳои гуногун дар тамоми шаҳр ҷараён доранд. Кормандони шаҳрдорӣ плиткаҳоро мекананд, ҷоеро бо девори муваққатӣ мепечонанд ва дарахтҳову… пули буҷаро арра мекунанд.
Рустами Эмомалӣ бошад бо як тир ду нишон мезанад: бо беҳтар кардани намуди шаҳр худро кордон нишон медиҳаду карераи сиёсӣ мекунад ва дар ҳамин беҳтаркунӣ миллионҳо доллар пули буҷаро ба киса мезанад.