Хабаргузории давлатии Кореи шимолӣ гузориш дод, ки маъмурияти партоби моҳвораи ҷосусии ин кишвар шикаст хӯрда ва ин моҳвора, дар Баҳри Зард дар ғарби нимҷазираи Корея суқут кардааст.
Тибқи гузориш, моҳвораи Чулимо-1 дар марҳалаи дувуми партоб ба далели равшан шудани ғайриоддии мотор, нерӯи муҳаррикаашро аз даст дод ва суқут кард.
Артиши Кореи ҷанубӣ эълом кард нерӯҳои ин кишвар дар ҳоли ҷустуҷӯ барои бозёбии тиккаҳои парокандашудаи моҳвораи Кореи шимолӣ ҳастанд.
Аз сӯи дигар, хабаргузории “Юнҳоп” ба нақл аз мақомоти дафтари раёсатҷумҳурии Кореи ҷанубӣ гузориш дод, ки Кореи шимолӣ мумкин аст то чанд ҳафтаи дигар, ба партоби як моҳвораи дигар иқдом кунад.
Антониу Гуттераш, дабири кулли Созмони милал, иқдоми Кореи шимолӣ дар партоби моҳвораи низомиро маҳкум кард.
Сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед низ иқдоми Кореи шимолиро дар партоб моҳвора бо истифода аз фановарии мушаки баллистик маҳкум кард ва гуфт Вашингтон дар ҳамоҳангӣ бо муттаҳидони худ дар ҳоли баррасии вазъият аст.
Пештар артиши Кореи ҷанубӣ эълом кард Кореи шимолӣ як моҳвораи фазоиро партоб карда ва зимни фаъол кардани ожирҳои хатар дар Сеул, аз сокинони пойтахт хост барои тарки хонаҳои худ омода бошанд.
Аз сӯи дигар, давлати Ҷопон эълом кард Кореи шимолӣ як мушак партоб карда ва зимни фаъолсозии сомона ҳушдори минтақаи Окинава, аз сокинони ин минтақа хост дар ҷоҳои амн паноҳ бигиранд.
Пас аз гузашти муддате, давлатҳои Кореои ҷанубӣ ва Ҷопон ба вазъияти ҳушдор поён дода ва эълом карданд хатаре Сеул ва Окинаваро таҳдид намекунад.