Рубрики Хабарҳо

Чемпионати футзали Осиё ба соли дигар гузаронида шуд

Даври финалии мусобиқаи Чемпионати футзали Осиё, ки бояд аз 2 то 13 декабри соли равон дар Кувейт доир мегардид, ба соли дигар гузаронида шуд.

Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) рӯзи 15 октябр федератсияҳои миллии футболро, ки дастаҳои мунтахабашон ба ин мусобиқа роҳ ёфта буданд, дар ин бора огоҳ кардааст.

Дар ҳуҷҷати расмии Конфедератсияи футболи Осиё  омадааст,  “Бо назардошти авҷи пандемияи Covid-19 дар Кувейт, инобати бехатариву солимии дастаҳои иштироккунанда ва ҷонибҳои манфиатдор, КФО пас аз баррасии масъала бо ҳамаи тарафҳои дахлдор тасмим гирифт, ки мусобиқаи Чемпионати футзали Осиё ба моҳҳои март-апрели соли 2021 гузаронида шавад”.

Ёдрас мекунем, ки дар Чемпионати футзали Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо тимҳои Туркманистон, Ветнам ва Уммон рақобат мекунад.

Панҷ дастаи беҳтарини мусобиқаи Чемпионати Осиё ба Чемпиоанти футзали ҷаҳон, ки соли оянда дар Литва баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *