Рубрики Хабарҳо

Афзоиши 28-дарсадии дархости паноҳандагӣ дар Аврупо

Ожонси паноҳндагии Иттиҳодияи Аврупо аз сабти дархости паноҳандагии 519 ҳазор нафар дар нимаи нахусти соли 2023 дар Иттиҳодияи Аврупо, Норвегия ва Суис хабар дод. Ин омор 28 дарсад бештар аз муддати мушобеҳи соли гузашта аст. 

Бар асоси омори мунташиршуда аз сӯии Ожонси паноҳандагии Иттиҳодияи Аврупо (EUAA) 519 ҳазор тан дар тӯли шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ дар 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамчунин Норвегия ва Суис тақозои паноҳндагӣ додаанд. 

Ин рақам намоёнгари афзоиши 28 дарсадии шумори дархосткунандагони паноҳандагӣ дар ин 29 кишвар дар муқоиса бо соли 2022 аст. 

Ожонси паноҳандагии Иттиҳодияи Аврупо, ки дар кишвари Малт мустақар аст ҳамчунин эълом кард дар сурати идома ёфтани раванди феълӣ интизор меравад то поёни соли ҷорӣ теъдоди мавриди дархости паноҳандагӣ аз марзи як миллион фаротар равад. 

Бар асоси гузориши ин ниҳод аз солҳои 2015 ва 2016 то кунун сабти чунин рақаме танҳо дар нимаи нахусти сол бесобиқа будааст. Дар солҳои ёдшуда, ҳудуди як миллиону 300 ҳазор (соли 2015) ва як миллиону 200 ҳазор (соли 2016) тақозои дархости паноҳандагии ношӣ аз вуқӯъи ҷанги дохилӣ дар Сурия, дар Иттиҳодияи Аврупо, Норвегия ва Суис ба сабт расида буд. 

Миллати паноҳҷуён 

Тибқи омори Ожонси паноҳандагии Иттиҳодияи Аврупо 44 дарсади дархоткунандагони паноҳандагӣ дар нимаи нахусти имсол шаҳрвандони Сурия, Афғонистон, Венесуэла, Туркия ва Колумбия будаанд. 

Ба гуфтаи ин ниҳоди аврупоӣ шумори парвандаҳои баррасишавандаи дар интизори тасмимгирӣ низ 34 дарсад бештар аз соли 2022 аст. 

Илова бар он, ҳудуди чаҳор миллион шаҳрванди укроинӣ низ, ки кишвари худро ба далели ҷанги таҷовузкоронаи Русия тарк кардаанд, дар ҳоли ҳозир таҳти ҳимояти муваққат, хориҷ аз системаи паноҳандагӣ дар Иттиҳодияи Аврупо қарор доранд. 

Ожонси паноҳандагии Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин эълом кард, ки аз соли 2019 то кунун шумори мавриди қабулшудаи паноҳандагӣ дар байни шаҳрвандони Туркия аз 54 дарсад ба 28 дарсад коҳиш ёфтааст. 

Ин дар ҳолест, ки аз сӯи дигар мизони дархостҳои паноҳандагии ба расмият шинохташуда барои шаҳрвандони Русия аз 20 дарсад дар соли 2021 ба 35 дарсад дар ҳоли ҳозир ва барои эрониҳо низ аз 31 дарсад дар сол 2020 ба 47 дарсад дар ҳоли ҳозир, афзоиш ёфтааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *