Рубрики Pressa

Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ оид ба иқтисоди сабз баргузор шуд


Бо ташаббуси Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон конфронси байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони «Иқтисоди сабз дар шароити тағйирёбии иқлим: гузариш бо мақсади рушди устувор» баргузор гардид.

Ҳамоиш бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо иштироки зиёда аз 100 нафар, аз ҷумла намояндагони ҳукумат, созмонҳои байналмилалӣ, сафирони кишварҳои хориҷӣ ва донишмандон аз Тоҷикистон, Канада, Ҳиндустон, Чин ва Эрон доир шуд.

Иштирокдорон масоили муҳими иқтисоди сабз, аз ҷумла энергияи таҷдидшаванда, логистикаи сабз ва истеҳсолоти устуворро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар ифтитоҳи конфронс муовини Сарвазири мамлакат  Дилрабо Мансурӣ ва ректори донишгоҳ Убайдулло Асрорзода суханронӣ намуда, ба нақши калидии Тоҷикистон дар пешбурди рушди устувор ва ҳифзи муҳити зист таъкид карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *