Рубрики Хабарҳо

Шурӯъи “ҷойивазкунии ҷамъшавандаҳо” дар ҳукумат

Бо барканории Ширин Амонзода, дар ҳукумати Тоҷикистон аз як мансаб ба мансаби дигар кӯчидани вазиру раисҳо, ки мардум онро “ҷойивазкунии ҷамъшавандаҳо” ном кардаанд, шурӯъ шуд.

Ҳамин тавр Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, раиси Агентии омори Тоҷикистон аз вазифа озод ва ба ҷои ӯ Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси пешини Бонки миллии Тоҷикистон, ки чанд сол пеш аз вазифа озод гардида буд, таъйин шудааст.

Гулнора Кенҷа бошад ба ҷойи Ширин Амонзода вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таъйин гардид.

Ҳамчунин, Қурбон Ҳакимзода, ки чор соли охир раиси вилояти Хатлон буд, имрӯз бо як фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз вазифа озод гардид. Ба ҷои ӯ, ҳамакнун собиқ муовини якуми сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид раиси вилоят таъйин гардид.

Қурбон Ҳакимзода, тибқи иттилоъи “Азия Плюс”, вазири кишоварзии Тоҷикистон таъйин гардидааст.

Ҳоло маълум нест, ки Саъдӣ Каримзода, вазири кишоварзии ҳамакнун собиқ ба кадом вазифа таъйин шудааст.

Қурбон Ҳакимзода рӯзи 14 январи соли 2019 раиси вилояти Хатлон таъин шуда буд.

Давлаталӣ Саид беш аз 9 сол, аз моҳи ноябри соли 2013, дар вазифаи муовини якуми сарвазири Тоҷикистон кор карда, бахши иқтисодии ҳукуматро роҳбарӣ мекард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *