Рубрики Хабарҳо

“Решаҳои ноаён” ба масоҷид расиданд

Дар масоҷид ва хонаҳои фарҳанги шаҳру деҳоти Ҳисор дирӯз 20 июл, баъди намози шом ба мардум “филми мустанад”-и «Решаҳои ноаён” дар бораи Эшони Қиёмиддинро намоиш доданд. Ба тамошобинон амр шуда буд телефонҳои дастиашонро хомӯш созанд ва чизеро сабт накунанд.

Тибқи гузориши сомонаи “Ахбор” бо истинод ба сокинони шаҳри Ҳисор, шоми 20 июл дар шаҳру деҳоти ин минтақа намоиши сартосарии филми мустанади «Решаҳои ноаён”-ро ташкил карданд.

Яке аз ҳамсӯҳбатони «Ахбор” гуфт, аз пеш мардумро огоҳ кардаанд, ки ба намози шом барвақттар ва сарҷамъ ҳозир шаванд, чунки баъди намоз ҳама бояд филми «Решаҳои ноаён”-ро тамошо кунанд: «Дар масҷиди деҳаи мо як намоянда аз амният ҳам омада буд. Баъди намоиши филм ин намояндаи амният мардумро насиҳат кард, ки фарзандонатонро нигоҳ кунед, то ба ҲНИТ (ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ) ва гуруҳҳои дигар ҳамроҳ нашаванд. Муллоимоми масҷид низ суҳбат кард ва айни гапҳоро зад. Хеле давом кард суханрониҳо ва ба ин далел, намози хуфтанро қариб ними шаб хондем.”

Сокинон мегӯянд, қабл аз намоиши филм ва суханрониҳои мақомот аз ҳама талаб кардаанд, ки телефонҳои худро хомӯш кунед ва чизеро аксу навор нагиред.

Бино ба гузоришҳои расида, дар дигар шаҳру навоҳии Тоҷикистон низ намоиши сартосарии филми «Решаҳои ноаён” дар назар гирифта шудааст.

Намоиши саросарии ин филм ҳамагӣ чанд рӯз баъд аз ҳамоиши навбатии мухолифони ҳукумати кунунии Тоҷикистон дар шаҳри Дортмунди Олмон сурат гирифт.

Филми 37-дақиқагии «Решаҳои ноаён” бори аввал шоми 18 июн тавассути телевизионҳои давлатии Тоҷикистон намоиш дода шуд. Дар ин филм, ки зоҳиран аз ҷониби мақомоти амниятии Тоҷикистон таҳия шудааст, асосан ду намояндаи собиқи мухолифин – устоди Донишкадаи исломӣ Раҳим Каримов, маъруф ба Мулло Абдураҳим, ва Қиёмиддин Ғозиев, машҳур бо номи Эшони Қиёмиддин сӯҳбат мекунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *