Паноҳҷӯи тоҷик Сорбон Абдураҳимзода, ки охири моҳи май аз истирдодаш пешгирӣ шуда буд, бо гумони ғолиб ҳоло дар фурӯдгоҳи Гурҷистон қарор дорад ва то соате дигар ба Тоҷикистон парвоз хоҳад кард.
Қаблан Радиои Озодӣ аз бурда шудани ӯ ба Булғористон ва Azda.tv бо истинод ба вакили дифоъи ӯ, аз парвози ҳавопаймо ба самти Тоҷикистон хабар дода буданд.
Фарҳод Одинаев, фаъоли ҳуқуқи башар, ки парвандаи Сорбон Абдураҳимзода ва ҷараёни истирдоди имрӯзи ӯро пайгирӣ кардааст ба “Паём” тафсилоти ин истирдодро баён кард.
Ба гуфтаи соати 2-шаб як боздоштшудае, ки ҳамроҳ бо Сорбон дар як ҳуҷра нигоҳдорӣ мешудааст, ба модари ӯ занг зада мегӯяд, ки ҳамин ҳоло Сорбонро бурданд. Модараш дарҳол ба вакили дифоъи ӯ Богумив Зигмонт (Bogumił Zygmont) занг мезанад. Субҳ вакил хабар медиҳад, ки Сорбонро бо ҳавопаймои махсусе ба Булғористон интиқол додаанд.
“Мо дар пайи ҷустуҷӯи вакил дар Булғористон шудем. Вақте пайдо кардем ва ҷузъиётро ба ӯ шарҳ додем, ӯ аз пайи кор шуд ва соате пас хабар дод, ки чунин парвозе ба Булғористон иттифоқ наафтодааст. Мо Богумив Зигмонт тамос гирифтем ва ӯ гуфт ҳавопаймо аллакай дар Истамбул аст” — гуфт Фарҳод Одинаев.
Ин фаъоли ҳуқуқи башар мегӯяд дарҳол ба ҷустуҷӯи вакил дар Истамбул шурӯъ кардаанд. “Дар замони ҷустуҷӯи вакил дар Истамбул, парвози хатсайрро ҳам дар сойтҳои махсус пайгирӣ кардем ва маълум шуд, ки ҳавопаймо аллакай дар Тбилиси қарор дорад ва соате пас мақсади парвозаш Душанбе аст”.
Одинаев ба ин назар аст, ки зоҳиран мақомоти Лаҳистон як хатсайри махсус барои истирдоди паноҳҷӯён ташкил карда буданд, ки дар он шаҳрвандони Туркияву Гурҷистон низ ҳузур доштанд ва сабаби парвози тӯлониву нуқта ба нуқтаи ҳавопаймо низ шояд аз ҳамин хотир аст.
Azda.tv бо истинод ба вакили дифои Сорбон менависад, ки бо вуҷуди он ки ӯ муҷаддадан дархости паноҳандагӣ дода буд ва ҳанӯз ҷавоби радаш наомада, Лаҳистон ӯро ғайриқонунӣ ихроҷ кард. “Мақомоти Лаҳистон дархости Додгоҳи Аврупоро, ки ихроҷи ӯро бекор карда буд, ба инобат нагирифта, ӯро бархилофи ҳама меъёрҳо ба кишвараш истирдод карданд“, гуфтааст Богумив Зигмонт.
Ӯ гуфтааст мақомоти Лаҳистон имрӯз мехостаанд “ду нафари дигарро низ ҳамроҳи Сорбон ихроҷ кунанд, аммо дар наҳоят танҳо Сорбон бо ин парвоз ба Тоҷикистон истирдод шудааст.”
Зоҳиран ин ду нафар ҳамонҳое буданд, ки дирӯз дар ҷустуҷӯяшон пулиси Варшава хонаи чанд тоҷики сокини ин шаҳрро карда буд. Онҳо падари ӯ Пулод Абдураҳимов ва нафаре дигар бо номи Қутбиддин буданд, ки дархости паноҳандагиашон рад шудааст.
Пулис натавониста падари Сорбонро боздошт кунад, аммо Қутбиддинро дастгир карда буд.
Пештар аз ин низ мақомоти Лаҳистон рӯзи 28 май талоши истирдоди Сорбонро ба Тоҷикистон карда буданд, аммо бо дахолати созмонҳои ҳуқуқи башар, ки қарори манъи истирдоди ӯро аз Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи инсон дар Страссбург гирифта буданд, аз ин истирдод пешгирӣ шуд.