Агентии Тоҷикстандарт воридоти зиёда аз 98 тонна меваи хурмои хушк ва 50 тонна маҳсулоти ғизоии пастсифат пешгирӣ кардааст
Агентии Тоҷикистандарт гуфтааст, бо истифода аз фурсати фарорасии моҳи Рамазон баъзе соҳибкорон бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, манфиатҳои худро аз манфиати ҷомеа боло дониста бо ҳар роҳу восита ба бозори истеъмоли маҳсулоти пастсифату ба саломатӣ хатарнокро ворид менамоянд.
Ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод як соҳибкор тавассути дидбонгоҳи гумрукии Панҷи Поён 98 ҳазору 950 кг хурмои хушк, 25 000 кг қайлаи помидор, 19 600 кг карамел ва 7000 кг хамиртуруш ворид намудааст.
Манбаъ мегӯяд, ба Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Хатлон барои гузаронидани корҳои сертификаткунонӣ дархост ворид шудани маҳсулоти пастсифат ошкор гардид.
Манбаъ мегӯяд, дар раванди гузаронидани ташхиси намунаи маҳсулоти мазкур муайян шуд, ки хурмои хушк бо сабаби муҳлати истеъмолиаш гузаштан ва қайлаи помидор, карамел ва хамиртуруш ба талаботи тамғагузорӣ ҷавобгӯ набудаанд.
Ин ниҳод мегӯяд бо ин сабабҳо ба маҳсулоти мазкур сертификати мутобиқат дода нашуд.
Тоҷикстандарт гуфтааст, бо назардошти ин, маҳсулоти мазкур тибқи низоми “Реэкспорт” аз қаламрави ҷумҳурӣ берун бароварда шуд.
Гуфтанист, як ҳафта пеш як соҳибкори афғонӣ аз вулусволии Калафғони устони Таҳори ҷумҳурии исломии Афғонистон бо номи Абдулбории Фархорӣ ба Радиои Паём навишта буд, ки дар гузаргоҳи Кокули сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, 25 тон картошкае, ки аз Покистон мехост ворид кунад, бо баҳонаи карантин тули як ҳафта дар сарҳад нигоҳ доштанд.
Ин соҳибкори афғонӣ гуфт, баъди як ҳафтаи боздошти боркашонаш, иҷоза доданд, ба ҷониби Тоҷикистон гузарад, аммо ба хотири сифати паст доштани картошка, тамоми молро мусодира ва худи соҳибкорро ҷарима кардаанд.
Соҳибкор мегӯяд, мехост шикоят кунад, аммо кормандони гумруки Тоҷикистон таҳдид кардаанд, ки бо иттиҳоми қочоқгари маводи мухаддир боздошташ мекунанд ва пушти панҷараи зиндон хоҳад шуд. Хубтараш ҷаримаро супорида, аз паи кораш шавад. Бо ҳамин ноумед ба Афғонистон баргаштааст.