Рубрики Pressa

Пул ва фарзанд. Қадамҳои муҳим барои тарбияи молиявии кӯдак


Саводи молиявӣ танҳо барои даромад ва хароҷот нест, он як ҷузъи муҳим дар тарбияи ахлоқӣ ва шахсияти солими фарзанд аст. Зеро фаҳмиши дуруст ва муносибат ба пул дар рушди иқтисодии шахс нақши муҳим дорад.

Албатта, тарбияи фарзанд аз хурдӣ оғоз меёбад. Агар кӯдак аз синни ҷавонӣ фаҳмад, ки пул натиҷаи меҳнат ва заҳмати инсон аст, ба он бо эҳтиром ва эҳтиёт рафтор мекунад. Волидон метавонанд тавассути ҳар гуна бозиҳои шавқовар, овардани мисол ва иштироки кӯдак дар корҳои рӯзмарра ба ӯ нишон диҳанд, ки пул чӣ гуна ба даст меояд. Ҳамзамон, волидон ба кӯдак фаҳмонанд, ки пул барои чӣ сарф мешавад. Яъне, ба кӯдакон фаҳмондани манбаи даромади пул хеле муҳим аст.

Афзудани одати сарфакорӣ ва пасандоз дар кӯдакон ниҳоят ба ташаккули ҳисси масъулият ва хештаншиносӣ мусоидат мекунад. Гузоштани қуттии махсус барои ҷамъ овардани маблағ, муқаррар кардани ҳадафи молиявӣ, масалан, хариди китоб ё бозичаҳо ва таълими таҳияи буҷети шахсӣ, кӯдаконро дар самти дурусти молиявӣ роҳнамоӣ менамоянд. Ба фарзанд аз хурдӣ нишон диҳед, ки чӣ гуна маблағро сарфакорона тақсим кунад. Яъне, пеш аз харҷ, фикр карданро барояш омӯзед.  

Ҳеҷ сабақ беҳтар аз таъсир ё намунаи шахсии волидон нест. Агар падару модар муносибати бомасъулият ба маблағ ва сарвати хона дошта бошанд, фарзанд ҳам мисли худашон мешавад. Яъне, он чӣ волидон анҷом медиҳанд, фарзанд ҳам ҳамон амалро иҷро мекунад. Ба ибораи дигар, себ аз шохи дарахти худ дур намеафтад.

Яке аз роҳҳои дигари муассир дар омӯзиши саводи молиявӣ – иштироки фарзанд дар харидҳои оилавӣ аст. Шояд ба назар ин амали содда намояд, аммо кумак мекунад, ки кӯдак муқоисаи нархҳоро омӯзад, ҳисоби оддиро аз хурдӣ иҷро намояд. Агар волидон хароҷоти оқилона кунанд, сарфаю сариштакорӣ намоянд, кӯдак ҳам пайравӣ хоҳад кард.

Ба оилаҳои ҷавон тавсия чунин аст, ки буҷет созанд,  даромаду хароҷот танзим кунанд. Фарзандро бо худ ба бозор ё мағоза баранд. Арзиши харидро якҷо ҳисоб кунанд. Муқоисаи нарх ва интихоби маҳсулоти беҳтарро низ  ба фарзанд фаҳмонанд.

Фарзанде, ки фаҳмиши молиявӣ дорад, на танҳо пулро  боақлона сарф мекунад, балки дар зиндагӣ низ қарорҳои муҳим қабул мекунад. Ояндаашро ҳам бо андеша ва масъулият месозад. Дар натиҷа ба як насли соҳибфикр, кордон ва худшинос табдил меёбад.  Бинобар ин, саводи молиявӣ дар оила бояд ҷузъи тарбияи ҳар як кӯдак бошад. Агар хоҳем, ки фарзандамон дар зиндагии мустақил ва рақобатноки замони муосир муваффақ бошад, пас аз имрӯз ӯро бо дониш ва малакаҳои молиявӣ мусаллаҳ созем.

Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *