Рубрики Хабарҳо

Ҷо Байден аз “хатари охируз-замон” ҳушдор дод

Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбе, 6 октябр гуфт, ки ҷаҳон барои нахустин бор пас аз ҷанги сард дар маърази хатари “армагедон”-и (охируз-замон) ҳастаӣ қарор дорад. 

Байден дар маросими ҷамъоварии кӯмакҳои молии Ҳизби демократ дар Ню-Йорк бо ишора ба даврони Ҷон Кеннеди, раисҷумҳури собиқи Амрико гуфт: “аз замони Кеннедӣ ва буҳрони мушакии Куба дар соли 1962 бо чашмандози армагедон мувоҷиҳ набудем.” 

Байден гуфт, ки Путин вақте таҳдид мекунад, ки аз силоҳи ҳастаии тактикӣ ё силоҳҳои биоложикӣ ё химиёвӣ барои идомаи таҳоҷум ба Украина истифода хоҳад кард, “шӯхӣ намекунад.” 

Вай ба ин назар аст, ки таҳдиди Путин воқеӣ аст зеро аз назари раисҷумҳури Амрико артиши ӯ “ба таври қобили таваҷҷуҳе заиф амал мекунад.” 

Коршиносон мӯътақиданд, ки агар Путин бихоҳад аз силоҳи ҳастаӣ истифода кунад, эҳтимолан аз силоҳҳои ҳастаии тактикӣ истифода мекунад, ки инфиҷораш кӯчактар аз як силоҳи ҳастаии стратегӣ аст. Аммо Вашингтон бар ин бовар аст, ки ҳатто як ҳамлаи ҳастаии тактикӣ метавонад сӯхтори густурдатаре эҷод кунад. 

Мақомоти амрикоӣ борҳо дар бораи эҳтимоли истифодаи Русия аз силоҳҳои куштори ҷамъӣ дар Укроин ҳушдор додаанд зеро ин кишвар бо яксара шикастҳои стратегӣ дар майдони набард мувоҷеҳ шудааст. Изҳороти Байден шадидтарин ҳушдоре буд, ки давлати Иёлоти муттаҳида то кунун дар бораи хатароти ҳастаӣ баён кардааст. 

Бо ин ҳол ҳанӯз мушаххас нест, ки оё Байден ба арзёбии ҷадиде аз ниятҳои Русия ишора мекунад ё на. Дар ҳамин ҳафта мақомоти амрикоӣ гуфтаанд, ки ҳеҷ тағйире дар неруҳои ҳастаии Русия мушоҳида накардаанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *