Номи ин ҷой аз забони ҷопонӣ тарҷумашуда ба мисли «ҳамвории дарахтони кабуд» садо медиҳад. Аммо аксар вақт инҷоро «ҷангали худкушҳо» меноманд. Ҷопонҳо нақл мекунанд, ки дар асрҳои миёна камбағалони маҳаллӣ аз набудани озуқа ба ноумедӣ афтода, хешовандони солхӯрдаи худро ба ин ҷо меовардаанд ва ба ҳукми тақдирашон мегузоштанд, ки албатта аз гуруснагиву ночорӣ мемурданд. Ана аз ҳамон вақт, арвоҳи безобитаи мурдаҳо дар байни ҷангал сайр карда, сайёҳони танҳоро ба доми худ кашида, мехоҳанд, ки барои ҳамаи азобҳои кашидаашон интиқом гиранд. Аммо ин гузина фақат аз тасввури мрдуми ҷопонӣ баромадааст.
То ба имрӯз, ҳар сол дар ҷангал аз 70 то-100 нафар ҷасади одамоне ёфт мешаванд, ки худкушӣ кардаанд. Бисёр одамон ба ин ҷангал махсус барои аз ҷони худ халос шудан меоянд, аммо овозаҳо вуҷуд доранд, ки худи ҷангал баъзеҳоро ба ин кор «ҷалб мекунонад». Гуё пайроҳаҳои пиёдагардро тавре ба тарафи моил мекунонидааст, ки ҳангоми сайругашт дар вуҷуди одам як андӯҳи бузурге маскан мегирифтааст, афсурдагӣ дар мғз-мағзаш рахна карда, аз ҳаёт дилмонда мекардааст ва ҳар нафар ҳам роҳи наҷотро дар қатъи зиндагӣ медидааст.
Ҳолатҳои аҷибе, ки дар он ҷангал мушоҳида мешаванд, ин аст, ки қутбнамо (компас) дар домани кӯҳи Фудзӣ дар «ҷангали худкушҳо» кор намекунад. Сабабаш ин ки дар он ҷо қавитарин аномалияи магнитӣ ба мушоҳида мерасад, ки, аз афташ, ба рӯҳияи одамон таъсири бениҳоят калон мерасонад.
Дар назди даромадгоҳи қаламрави Аокигаҳара лавҳае гузошта шудааст, ки тахминан чунин мазмун дорад: «Ҳаёти шумо ин ҳадяи бебаҳоест, ки шумо аз волидони худ гирифтаед. Пас дар бораи оилаи худ фикр кунед. Танҳо азоб накашед, бо рақами 0555-22-0110 ба мо занг занед. «
Вақте ки блогери амрикоӣ Логан Пол видеоеро аз ҷангали Аокигаҳараи Ҷопон бо ҷасади нафари худкушикарда нашр кард, ӯ зери борони танқид қарор гирифт. Блогер Пол бо дӯстон аз ҷангали машҳури Ҷопон мегузашт, ки ногаҳон ба як ҷасади мурдае дучор омад. Вай фавран ин лаҳзаро дар камераи видео сабт кард ва видеоро ба Ютуб гузошт. аммо дар ин сабт шумо садои хушхолона хандидани ӯро ҳис мекунед. Вақте ки садҳо корбарони Интернет Полро ба рафтори номуносиб айбдор карданд, ӯ узр пурсид ва муносибати худро бо нофаҳмиҳо ва тааҷуб аз чунин бозёфтҳо шарҳ дод. Шояд ин блогер номи ҷангалу таърихи онро афсонае мепиндошт ва чун дар ҳақиқат ҷасадеро пайдо кард, аз ғояти тааҷҷуб хандида фиристод.
Минтақаи ҷангал дар нишебии шимолу шарқии кӯҳи Фудзия, дар масофаи 100 км аз Токио ҷойгир аст. Аз сабаби дарахтони азиму пуршохубарг, ҷангали Аокигаҳара ҳамеша ором аст. Дар ин ҷо тақрибан ҳайвоноти ваҳшӣ нестанд, аммо ғорҳои сангини намудашон ҳузновар бисёранд. Ҳамаи ин дар ҷангал фазои даҳшатбори хомӯширо ба вуҷуд меорад.
Дар баробари кӯпруки “Дарвозаи тиллоӣ” ном доштаи Сан Франсиско, ҷангали Аокигаҳара шумораи рекордии худкушиҳоро дар сабти таърих дорад. Бисёре аз ҳикояҳои пурасрор бо ҷангал алоқаманданд, фазои он ба истеҳсолкунандагони Ҳолливуд илҳом бахшида буд, ки драмаи асроромези «Баҳри дарахтон» ва филми даҳшатовари «Ҷангали арвоҳ» -ро офаранд.
Ин яке аз усулҳои бисёрест, ки мақомоти маҳаллӣ кӯшиш мекунанд вазъро тағир диҳанд. Ғайр аз ин, гаштҳои махсус аз байни ҷангал мегузаранд ва меҳмононро бо ёрии видеокамераҳо назорат мекунанд. Агар нафаре дар ҳолати андӯҳгинӣ бошаду рафтораш аз қарори худкушӣ дарак диҳад, зуд барояш кӯмаки равонӣ мерасонанд. Соҳиби як қаҳвахонаи назди ҷангал ба рӯзномаи Japan Times гуфтааст, ки ӯ дар тӯли 30 сол 160 нафарро аз марг наҷот дод, ҳушёр истод, то ҳукуматдоронро дар бораи меҳмонони танҳо сари вақт ҳушдор диҳад.
Романи «Бурҷи мавҷҳо» -и нависанда Сейхт Мацумото, ки соли 1961 ба табъ расидааст. Дар ин роман ҷуфти ошиқ бо зиндагӣ маҳздар ҳамон ҷо видоъ мекунанд. Ҷангали Аокигаҳара инчунин дар китоби Цуруми Ватару бо номи «Курси пурраи худкушӣ» зикр шудааст, ки он ҷоро ҳамчун ҷои аҷибе барои мурдан тавсиф кардаанд.
Пас аз интишор, ин асар бо миллионҳо нусха фурӯхта шуд, аммо ба зудӣ дар кишвар манъ карда шуд. Аз дин дур будан ана ҳамин хел оқибатҳои нофораму даҳшатноке ба бор меорад.
Соима Саидӣ