Рубрики Хабарҳо

Тоҷикистон ва терроризм (нигоҳ аз Олмон)

Таҳлиле аз маҷаллаи онлайниии -и Олмон

Эҳтимоли пайдо шудани як ячейкаи пинҳонии ДИИШ аз Тоҷикистон дар Рейн-Вестфалияи Шимолӣ суолҳоеро  ба миён меорад. Оё ин кишвар дар Помир мушкилоти ифротгароӣ дорад?

Субҳи рӯзи чоршанбе (15.04.2020) мақомоти амниятии Олмон чор шаҳрванди Тоҷикистонро дар Рейн-Вестфалияи Шимолӣ бо гумони иртибот бо “Давлати исломӣ” (ДИИШ) боздошт карданд. Гуфта мешавад, чаҳор нафари боздоштшуда ва як гумонбари дигар, ки айни ҳол дар ҳабс қарор дорад, иқдомҳои терористӣ алайҳи ҳукумати Тоҷикистонро дар нақша доштанд, вале сипас ба Олмон ҳамчун кишвари мавриди ҳадаф гузаштанд. Додситони кулл дар баробари дигар иттиҳомот онҳоро дар нақшаи куштори як мунаққиди Ислом, ки то ҳол номаш номаълум аст ва ҳамла ба иншоотҳои қувваҳои мусаллаҳи ИМА дар Олмон айбдор мекунад. Онҳо бо аъзои аршади ДИИШ дар Шарқи Наздик дар робитаи наздик ва дорои яроқ ва лавозимоти ҷангии шадид буданд.

То ҳол маълум нест, ки ин тоҷикон дар Олмон ифротгаро шудаанд ё дар ватани худ. Илова бар ин, бисёре аз заминаҳо ҳанӯз норӯшананд. Андреа Шмитс, як муҳаққиқи “Пажӯҳишгоҳи олмонӣ дар бахши сиёсати байналмиллалӣ ва амният“ (Deutsches Institut für Internationale Politik und Sicherheit), ки аз ҷумла дар мавзӯъи Осиёи марказӣ таҳқиқот мебарад, бар ин назар аст: “Ҳанӯз ин дастгиркуниҳо дар Рaйнланд (минтақае дар Вилояти Рейн-Вестфалияи Шимолӣ) дар бораи мусаллаҳони исломӣ дар Тоҷикистон чизе намегӯянд“.  Аслан, Тоҷикистон мисли ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, маркази ҷиҳоди байналмилалӣ нест. «Мушкилоти аслӣ дар кишвар ин  идораи бади он аз тарафи ҳукуматаш аст, на исломгароӣ» гуфт Шмитс.

Бо вуҷуди ин, ахиран хабарҳо дар васоити ахбори омма вобаста ба ДИИШ  ва ин кишвари фақири аксарият мусалмоннишини собиқ Шӯравӣ дар кӯҳҳои Помир дар сарҳади Афғонистон, зиёд шуда буданд:

  • Тобистони соли 2018 як гурӯҳи террористӣ дар шаҳри Данғара — ҷануби кишвар чор гардишгари дучархасаворро аз Иёлоти Муттаҳида, Ҳоланд ва Суис (Швейтсария) ба ҳалокат расониданд. Ҷинояткорон дар як паёми видеоӣ бо нишонаҳои ДИИШ дида мешуданд. Раҳбари гурӯҳ Ҳусейн Абдусамадов аввали соли равон дар боздоштгоҳ вафот кард.
  • Дар тирамоҳи соли 2018 нерӯҳои амниятии Тоҷикистон  тасдиқ карданд , ки онҳо аз ҳамлаи ДИИШ ба пойгоҳи низомии Русия дар пойтахти Тоҷикистон пешгирӣ карда, чандин нафаррo боздошт карданд. Дивизияи 201-уми Қувваҳои Мусаллаҳи Русия бо ҳудуди 7000 сарбоз барои ҳамеша дар Тоҷикистон мустақар аст.
  • Моҳи ноябри соли 2018 дар зиндони низомаш сахт, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, дар шимоли кишвар ошӯбе сар зад. Дар бораи ин ошуб масъалаҳои зиёде то ҳол норушан боқӣ мондаанд. ДИИШ дар сайти иттилоотии худ, ки бо номи Амақ машҳур аст, иддао кард, ки ҷангҷӯёни ДИИШ ошубро оғоз кардаанд. Аммо  манбаъҳои дигар ошӯби зиндонро ба муносибати дағалонаи кормандони амният нисбати маҳбусон рабт медиҳанд. Мақомоти расмӣ гуфтаaнд, ки дар ин ҳодиса 21 нафар ҷон бохтаанд, ки 12 нафарашон қаблан дар Сурия ва Ироқ ҷангидаанд. Расонаҳои мустақили минтақавӣ талафоти қурбоншудагонро ба маротиб зиёд ҳадс мезананд.
  • Тирамоҳи соли гузашта ҳадди аққал 17 нафар дар ҳамла ба як гузаргоҳи марзӣ дар марзи Тоҷикистону Узбакистон кушта шуданд. Ба гуфтаи ҳукумати Тоҷикистон, ҷинояткорон аъзои ДИИШ буданд. Тибқи иттилои , исломгароҳо аз вилояти Қундузи Афғонистон тавассути марзи Амударё ба Тоҷикистон убур кардаанд. Ҳукумати Афғонистон бошад, рабт доштани ин ҳодисаро ба Афғонистон рад мекунад.

Гузоришҳо нишон медиҳанд, ки вазъият воқеaн аз ҷониби ДИИШ-и маҳаллӣ ба наздикӣ метавонад бо шиддат хатарноктар шавад. Аммо коршиносон ҳушдор медиҳанд, мақомоти амниятии Тоҷикистон аз ин гуна маълумот сӯъистифода мекунанд. 

Анна Крайкамая аз “Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти сулҳ ва сиёсати амният дар Ҳамбург“ мегӯяд “тамоюли муайяне дар ҳукумат бо тамаркуз ба гуфтугӯ дар бораи хатарҳо ва амният вуҷуд дорад, то режими истибдодии худро қонунӣ нигаҳ дорад.“

Дар баъзе аз ҳолатҳои зикршуда то ҳол маълум нест, ки то чӣ андоза онҳо ба ДИИШ иртибот доранд. Хонум Крайкамая ҳангоми зикр кардани ҳодисаҳои эҳтимолии исломӣ дар Тоҷикистон ҳушдор дода гуфтааст: «Мо медонем, ки мо хеле кам медонем». 

Андрея Шмитс ҳам инро тасдиқ карда мегуяд: “Дар ҳолатҳои зикршуда, мо маълумоти хеле кам ба даст дорем. Агар мо ҷараёни ҳодиса ва робитаи онро бо ДИИШ дақиқан назар кунем, маълум мегардад, ки хеле масоил дар муқоиса бо иддаои ҳукумати Тоҷикистон норӯшан боқӣ мемонад. Ва сабабҳои зиёде ҳастанд, ки ҳадди аққал хатти сиёсии ҳукуматро зери суол мебарад. Тафтиши изҳороти расмӣ мушкил аст. Дар Тоҷикистон иститутҳои мустақил ва озодии матбуот вуҷуд надоранд. Ҳоло Тоҷикистон дар рейтинги ҷаҳонии “Гузоришгарони бидуни марз“ дар ҷои 161-ум қарор дорад.

Режимҳои истибдодӣ дар минтақа, пеш аз ҳама раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, солҳои ахир тамоюлашон бештар гардид то мухолифони сиёсиашонро, ки писандашон нест, асосан бо тамғаи исломгаро доғдор кунанд. Бо шаклҳои номатлубe мухолифинро зери ниқоби мубориза бо терроризм тавонистанд воқеан беобру кунанд. Ва ин умдатан аз ҷониби шарикони хориҷӣ бештари вақт хуб пазируфта мешавад, зеро ба Осиёи Марказӣ аз Маскав, Брюссел ё Вашингтон бо нигарониҳои амниятӣ ва ҳамсоягии мустақим ба Афғонистон нигоҳ карда мешавад. Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида бо ҳукумати Тоҷикистон дар бахши амният ҳамкорӣ мекунанд, ҳарчанд Душанбе бештар бо Чин ва Руссия ҳамкории зич дорад.

Тарси қадима

Тарси густариши гурӯҳҳои тундрави исломӣ дар Тоҷикистон нав нест. Пас аз ҳамлаи Шӯравӣ ба Афғонистон дар соли 1979, тарс аз исломгароҳои мусаллаҳ дар 5 кишвари собиқшӯравӣ — Туркманистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон, ки дар Осиёи миёна бештари аҳолиашон мусалмонанд торафт бештар мешавад.  Мулоҳизаи таърихшиноси русу фаронсавӣ Александра Бенигсенро (1913-1988) фаромӯш намекунанд, ки гуфта буд ислом бо вуҷуди талошҳои чанд даҳсолаи дунявии Шӯравӣ, ҳамчун як нерӯи бонуфузи сиёсӣ дар минтақа амал мекунад.

Аммо, сарфи назар аз чанд истисно, гурӯҳҳои ҷиҳодӣ ва исломгароҳо аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, ба Осиёи Миёна ҳеҷ гуна таъсири назаррасеро расонида натавонистаанд. На ҳамчун ҳизбҳои сиёсӣ ва на дар ҷиҳоди мусаллаҳ. То ба имрӯз дар минтақа ҳамлаи бузурги террористие ба вуқӯъ наомадааст, ки равияи ошкорои исломгароӣ дошта бошд. Дарвоқеъ, пас аз ҳамлаи НАТО ба Афғонистон дар соли 2001, таҳлилгарон муддати дароз баҳс мекарданд, ки то чӣ андоза гурӯҳҳое чун Ҳаракати Исломии Узбакистон воқеъан дар минтақа амал мекунанд, ё онро ҳокимони автократӣ ҳамчун баҳона муқобили мухолифинашон истифода мекунанд. 

Бо пешрафти минбаъдаи Толибон дар Афғонистон, инчунин дар шимоли ин кишвар ва афзоиш ёфтани шӯришиёни ДИИШ -и Афғонистон, тарси кӯҳнаи афзоиши исломгароӣ дар Осиёи Марказӣ дубора авҷ мегирад. Ғайр аз ин теъдоди ҷангиёни Осиёи Миёна аз ҷониби ҷангҷӯёни ҷиҳодӣ дар Ироқ ва Сурия низ нигаронкунанда аст. Фоизи баландтарин шумораи ҷиҳодиён аз Тоҷикистон аст, ки аз онҷо тақрибан  ҷанговар ба Шарқи Наздик рафтаанд.Гулмород Ҳалимов, як тоҷик  баъди пайвастан ба сафи ДИИШ, ҳатто тавонист дар муддати кӯтоҳ ба сафи раҳбарии ДИИШ пайвандад. Нозукии масъала дар инҷост: Ҳалимов қаблан сарҳанг (полковник) дар воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон буд ва дар  зиддитеррористии Русия ва Амрико .

Тоҷикистони истисно

Тоҷикистон, ягона кишвари форсизабони собиқ Шӯравӣ мебошад, ки дар минтақа ба тарзи истисно ҷой дорад ва бо чандин сабабҳо зери таблиғи исломгароҳо қарор мегирад. Аз як тараф, ин ба фарҳанги мардум рабт дорад. Мисли қисми ӯзбекии водии ҳосилхези Фарғона ва ҷануби Қирғизистон дар атрофи шаҳри Ош, Тоҷикистон нисбат ба дигар минтақаҳои Осиёи Марказӣ бештар мазҳабӣ аст. Аз ҷиҳати фарҳангӣ ва забонӣ робитаи наздик бо шимоли Афғонистон вуҷуд дорад, гарчанде хатҳои таърихии рушд аз давраи ҳуҷуми Империяи Руссия дар минтақаи Тоҷикистони имрӯза аз миёнаи асри 19 фарқи зиёде мекунад.

Аз ҷониби дигар, вазъи иқтисодии Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар кишварҳои собиқ шӯравӣ хеле вахим аст. Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, даромади миёнаи солона дар соли 2018 ҳамагӣ 760 евро буд. Шумораи бекорон хеле зиёд аст. Гарчанде вазъи иқтисодӣ ба наздикӣ беҳтар ба назар мерасид, аммо ҳоло кишвар метавонад ба бӯҳрони наве ворид шавад, зеро он аз интиқоли пардохтҳо аз коргарони мавсимӣ вобастагии калон дорад. Зиёда аз 50 фоизи маҷмӯъаи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аз интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, асосан аз Русия шакл мегирад. Ҳанӯз маълум нест, ки то кадом андоза вабои COVID-19 ин гардиши солонаи муҳоҷиратро метавонад ба таваққуф оварда, эҳтимоли ноором сохтани кишварро ба вуҷуд оварад.

Илова бар ин, дар муқоиса бо ҳамсояҳо, ба монанди Узбакистон ва Қирғизистон, Тоҷикистон пас аз истиқлолият дар соли 1992, ба ҷанги хунини шаҳрвандӣ гирифтор шуд, ки панҷ сол давом кард ва ҳадди аққал 20 000 нафар қурбони ин ҷанги шаҳрвандӣ шуданд. Нақши идеология дар низоъ миёни гурӯҳҳои бонуфуз, гурӯҳҳои минтақавӣ ва ҷанговарон баҳснок аст. Аммо хатти асосии тақсимоти идеологӣ дар байни гуруҳҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз як тараф байни гурӯҳҳои собиқ дунявии коммунистӣ, аз тарафи дигар бошад “Иттиҳоди неруҳои оппозитсиюни тоҷик», ки аз нерӯҳои ҷонибдори демократӣ, ақаллиятҳо ба монанди исмоилияҳои Помир ва ҷунбишҳои исломии суннӣ иборат буданд.

Дар ниҳояти кор, намояндаи низоми пешина аз ҷониби мансабдори Шӯравӣ Раҳмонов пирӯз шуд, ки мухолифинро сахт таъқиб кард. Нуқтаи  таҳаввул дар соли 2015 ин манъи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) буд, ки тибқи Созишномаи сулҳи соли 1997 бояд 30 фоизи ҳукуматро дарбар мегирифт. Манъи ин ҳизб сабаб шуд, ки бисёре аз тоҷикон пинҳонкорона ру ба табъид биёранд. Аз лаҳзаи мамнӯъ шудани ҲНИТ шумораи тоҷикони Олмон низ афзудааст, мегӯяд  Эдвард Лeмон — дотсенти Колеҷи омӯзишии Дониёл Морган оид ба амнияти миллӣ дар Вашингтон.

Дар ин миён, режими Раҳмон дар байни режимҳои автократӣ хусусан дар минтақаҳои фақири Осиёи Миёна ҳамчун як ҳолати фавқулъода дониста намешавад. «Тоҷикистон хусусиятҳои як давлати тоталитариро торафт рушд дода истодааст», гуфт Андреа Шмитс, аз “Пажуҳишгоҳи олмонӣ дар бахши сиёсати байналмиллалӣ ва амният“.

Барои таҳким додани идеологияи ҳукумат, исломгароиро ҳамчун душман тасвир додан, саҳми ҳалкунандаe гузошт. Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ фаъолиятҳои исломӣ аз ҷониби давлат иҷозат дода шуд. Аммо фазо барои ҳама чизе, ки метавонист дар пешбурди исломи сиёсӣ гумонбар шавад, маҳдуд аст. Соли 2009, ҳукумат фаолияти равияи салафияро ҳамчун таҳдид ба амнияти миллӣ манъ кард. Дар намози ҷумъа ҷавонони то 18-сола роҳ дода намешаванд. Таҳсил дар донишгоҳҳои исломӣ дар хориҷа бидуни иҷозатномаи махсус муҷозот мешавад. Ба гуфтаи  ҳатто гузоштани риш метавонад барои ҷавонон мушкилот эҷод кунад, масалан ҳангоми гирифтани шиноснома.

«Тоҷикистон солҳост аз ифротгароӣ азият мекашад, аммо ҳукумат барои таъмини қудрати худ аз ин мушкилӣ суистифода кардааст» — мегӯяд Эммануэл Карагианнис, профессори “Пажуҳишгоҳи дифоъ“ дар Коллеҷи Кинги Лондон. ”Исломи сиёсӣ чеҳраҳои зиёде дорад. ДИИШ ва ҲНИТ -и мамнуъшуда дар асл бомҳам шабоҳате надоранд. ДИИШ ташкилоти террористии бераҳмона аст, ҲНИТ бошад як нерӯи демократӣ аст” мегӯяд профессор.

Таҳлилгарон ва дипломатҳои ғарбӣ баъзан ҳангоми баҳогузории таҳдиди исломӣ, чун дар ҷаҳони араб, ба мушкилоти монанд дучор меоянд. Аз як тараф, хатари мушаххаси исломӣ метавонад дар Осиёи Миёна барои Олмон ва дигар кишварҳои ғарбӣ ба вуҷуд ояд. Аз ҷониби дигар, равиши бади режимҳои авторитарӣ дар минтақа бар зидди ҳама гуна мухолифони сиёсӣ, мардуми норозиро ба доми гурӯҳҳои ҷиҳодии нисбатан хуб ташаккулёфта таҳрик медиҳад. Ғайр аз ин, андозаи воқеии хавфро наметавон тахмин зад. Дар ниҳоят, ин бозӣ бо тарсу ҳарос аз терор солҳост, ки як қисми дастгоҳи сиёсии ҳокимони Осиёи Марказӣ гаштааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *