Бо тасдиқи Кумитаи ҳуқуқи Афғонистон, аз ин пас номи модар дар шиносномаҳои мардуми Афғонистон сабт хоҳад шуд.
Дар расонаҳои афғонӣ гуфта шуд, ки раиси идораи миллии омору иттилооти Афғонистон Аҳмад Ҷовид Расулӣ гуфта аст, ки дар посух ба дархости фаъолони зан барои ворид кардани номи модар дар гувоҳии тобеъияту шиноснома, бархе маводи қонуни сабти аҳволи нуфуси ин кишвар ислоҳ мешавад.
Бино бар иттилои манбаъ, пеш аз ин шуморе аз фаъолони зан дар Афғонистон бо роҳандозии кампини ё хештеги “#номам_куҷост?”, хостори дарҷи номи модар дар шаҳодатномаи таваллуди фарзандон шуда буданд.
Гуфта шудааст, ин кампин, ки панҷ соли пеш роҳандозӣ шуда буд июли имсол ба маҷлиси намояндагони Афғонистон кашида шуд ва намояндагони порлумон низ эълом карданд, ки барои эҳтиром гузоштан ба хости занони кишвар ва барои эҳёи ҳувияти онҳо мавзӯро баррасӣ мекунанд.