Рубрики Хабарҳо

Ҷамъоварии имзо дар маркази Душанбе алайҳи қимати интернет

Фаъолони ҷомеа дар Тоҷикистон барои бо як муроҷиатномаи дастҷамъӣ ба раиси ҷумҳур ва додситони кул муроҷиат намудан имзо ҷамъ кардаанд.

Таҳиякунандагони нома, аз тариқи Фейсбук эълом намуданд,  ки рӯзи 22 ва 23 апрел хоҳишмандон ба назди Театри опера ва балети шаҳри Душанбе  омада, зери нома имзо гузоранд. Имкон дорад ҷамъоварии имзо пагоҳ 24 апрел ҳам давом ёбад, гуфтаанд фаъолон.

Яке аз ин фаъолон Дилноза Муҳиддинова бо нашри акси имзои ҷамъовардашуда аз корбарони фейсбук даъват кардааст, бо онҳо бипайванданд.

Дирӯз, пас аз эълони ҷамъоврии имзо ҳамагӣ дар тули ду соат зиёда аз 200 нафар имзо гузошта, ному насаб ва суроғаи ҷойи зисти худро ҳам зери мактуб зикр кардаанд.

Бо муроҷиат ба  раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон муаллифнони ин нома мехоҳанд, барои беэътибор кардани қарор дар бораи нархи Интернет мусоидат кунад. Онҳо навиштаанд: «Боло бурдани нархи интернет истифодаи онро барои шаҳрвандони ҷомеа маҳдуд мекунад ва ба зиндагии онҳо таъсири манфӣ мерасонад.»

Дар муроҷиатнома аз зарурат ва аҳамияти Интернет дар зиндагӣ ёдрас шуда, далелҳоеро, ки мақомҳои расмӣ то имрӯз чун зарари Интернет номбар карданд, аз ҷумла зараровар будани Интернет ба сиҳатии инсонро «беасос ва хандаовар» хондаанд.

Ёдовар мешавем, ки бар асоси қарори Хадамоти зиддинҳисорӣ аз рӯзи 4-уми март қимати истифодаи Интернет дар Тоҷикистон аз рӯзи 18-уми апрел боло рафт. Ҳоло истифодаи як гигабайт Интернет дар Тоҷикистон на 30-35 сомонӣ, балки 62 сомонӣ аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *