Рубрики Хабарҳо

Тоҷикистон ва ИА таҳкими муносибатҳои дуҷонибара баррасӣ мекунанд

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии таҳияи асоси нави ҳамаҷонибаи таҳкими муносибатҳои дуҷониба шурӯъ намуданд. Музокирот оид ба Созишномаи густурдаи шарикӣ ва ҳамкорӣ (EPCA) бо Тоҷикистон бо мақсади ривоҷи самтҳои ҳамкориҳои мутақобила дар бахшҳои ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷорат, бахшҳои асосии иқтисодӣ, инчунин идоракунӣ, волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон равона шудааст.

Созишномаи оянда ҷои Созишномаи кунунии шарикӣ ва ҳамкориро, ки аз соли 2010 амал мекунад хоҳад гирифт. 

Ба иттилои нашрияи Фараж зимни оғози расмии музокирот ҷонибҳо оиди ҷанбаҳои ояндаи раванди музокирот ба мувофиқа расиданд. Интизор меравад, ки даври аввали ҳошиявии музокирот барои баррасии пешниҳодҳои мушаххас оид ба матни созишнома дар баҳори соли 2023 дар Душанбе баргузор шавад.

Музокироти барои таҳкими ҳамкориҳои сиёсиву тиҷорати Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар ҳолест, ки чанд руз пеш Сергей Лавров, вазири уммури хориҷаи Русия аз кишварҳои Осиёи Миёна хоста буд, дар муносибат бо Иттиҳоди Аврупо донистакор бошанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *