Рубрики Хабарҳо

Ҳимояти $39 млрд.ии кишварҳои Гурӯҳи ҳафт (G-7) аз Укроин

Вазирони дороии Гурӯҳи ҳафт эълом карданд, ки ӯҳдадории буҷа ва ҳимояти иқтисодӣ мутобиқ бо ниёзҳои Укроин дар соли ҷорӣ ба 39 миллиард доллар афзоиш ёфтааст. 

Вазирони дороӣ ва раисони банкҳои марказии кишварҳои Гурӯҳи ҳафт муташаккил аз Амрико, Олмон, Англия, Канада, Фаронса, Италия ва Ҷопон пас аз нишасте дар шаҳри Бенглури Ҳинд тай баёнияи муштараке эълом карданд, ки ӯҳдадории буҷа ва ҳимояти иқтисодии мутобиқ бо ниёзҳои Укроин барои соли 2023 ба 39 миллиард доллар афзоиш ёфтааст. 

Дар ин баёния бар азми кишварҳо барои тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ барои муқобила бо чолишҳои иқтисодии ҷаҳони ношӣ аз ҷанг ва таслиҳоти ғизоӣ ва энержии Русия, таъкид шудааст. 

Ҳамчунин аз Сандуқи байналмилал пул хоста шуд то як барномаи мӯътабар, бо буҷаи комил ва бо шароити муносиб барои Укроин то поёни моҳи март ироа кунад. 

Дар ин баёния ҳамчунин бар тааҳҳуд ба анҷоми иқдомоти иқтисодии ҳамоҳанги иҷрошуда дар посух ба ҷанги Русия таъкид шуда ва тасреҳ шуд, ки талошҳои муштарак барои ҳимояту кумак ба бозсозии зерсохтҳои ҳаётии Укроин идома хоҳад ёфт. 

Дар ин баёния омадааст, ки “мо ба ҳамкории наздик бо ҳам ва бо шарикони худ барои иҷрои таҳримҳо ва ҷилавгирӣ аз талош барои давр задани онҳо идома хоҳем дод. Аз соири кишварҳо мехоҳем, ки ба таҳримҳои мо алайҳи Русия бипайванданд. 

Дар ин баёния ҳамчунин тасреҳ шуд, ки аз талафоти ҷонӣ ва вайрониҳои ношӣ аз зилзилаҳои вайронгари Туркия ва Сурия ба шиддат мутаассифем ва ҳимоят аз мардуми зилзилазада идома дорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *