Рубрики Хабарҳо

Си Тзин Пин: ҳар нерӯи музоҳим барои миллатро аз пеши рӯ мебардорем

Си Тзин Пин, раисҷумҳури Чин рӯзи панҷшанбе дар ҷараёни суханоне зимни ҳушдор ба “нерӯҳои қулдури хориҷӣ” таъкид кард, ки кишвараш “ҳар нерӯи музоҳим барои миллатро аз пеши рӯ бар хоҳад дошт.” 

Си Тзин Пин, ки ба муносибати садумин солгарди таъсиси ҳизби Коммунисти Чин дар майдоне дар Пекин суханронӣ мекард таъкид кард, ки кишвараш ҳеҷгуна “қулдурӣ” аз ҷониби нерӯҳои хориҷиро бар наметобад ва “бо пуштибонии миллат” бо ҳар гуна озор ва азият ба шиддат муқобила хоҳад кард. 

Раисҷумҳурии Чин сипас аз “дунёи ҷадиде” ёд кард, ки ба гуфтаи ӯ ба воситаи нақши мардуми кишвараш шакл гирифта ва хитоб ба ғарб аз “зуҳури баргаштнопазири” кишвараш, ки пештар “мустаъмара буда ва акнун як қудрати ҷаҳонӣ аст” сухан гуфт. 

Си таъкид кард, ки давроне, ки мардуми кишвараш ранҷ мебурданд ва таҳти ситам қарор доштанд барои ҳамеша ба поён расида ва онҳо на танҳо дар барандозии дунёи қадим нақш доштаанд балки заминасози шаклгирии дунёи ҷадид низ будаанд. 

Вай дар ҷараёни ин суханронии яксоата, ки ба сурати мусқтим аз телевизиони давлатии Чин пахш шуд мутааҳҳид шуд, ки артиш ва нерӯҳои низомии кишварашро тақвият кунад ва дар ростои якпорчагӣ ва бозгардондани Тайван ба сарзамини аслии Чин гомҳои ҷиддӣ бардорад. 

Си Тзин Пин ҳамчунин зимни таъкид бар муҳофизат аз амният ва ҳокимияти Чин мутааҳҳид шуд, ки суботи иҷтимоӣ дар Гонконг, минтақаи нимахудмухтори таҳти ҳокимияти ин кишварро тазмин кунад. 

Ин суханони Раисҷумҳурии Чин дар ҳоле баён мешавад, ки ҷойгоҳи Си ва ҳизби Коммунист дар пайи хурӯҷи сареъи ин кишвар аз буҳрони ҳамагири бемории Коид-19 рӯ ба болоравӣ аст. 

Си Тзин Пин, ки аз ӯ ба унвони муқтадиртарини раҳбар пас аз Мао Тседун, бунёнгузори ҷумҳурии халқи Чин ном бурда мешавад ҳамчунин сотсиализмро танҳо роҳи наҷоти кишвараш қаламдод кард ва гуфт, ки ҳар гуна талош барои эҷоди шикоф миёни мардум ва ҳизби Коммунист маҳкум ба шикаст аст. 

Ҷашнҳои садсолагии таъсиси ҳизби Коммунисти Чин аз чанд ҳафта пеш бо баргузории маросими гуногун дар пойтахт ва низ тадоруки барномаҳои мутанаввеъи фарҳангӣ ва сиёсӣ дар саросари ин кишвар оғоз шуда буд. 

Ин маросим, ки рӯзи панҷшанбе ҳамзамон бо солрӯзи садсолагии ҳизби Коммунист бо суханронии Си Тзин Пин, Чин дар майдони таърихии шаҳри Пекин ба авҷи худ расид бо ҳадафи таблиғи дастовардҳои ҳизби Коммунист ва тамҷид аз амалкарди Си Тзин Пин, ба хусус талоши вай барои бозгардондани сареъи кишвар ба раванди одӣ пас аз буҳрони коруно тадорук дида ва созмонедиҳӣ шуда буд. 

Си Тзин Пин аз соли 2012 то кунун ҳидояти Чинро дар даст дорад. Вай маҳдудияти давраи риёсат бар кишварро лағв ва то кунун низ ҷойгузине барои худ муаррифӣ накардааст. 

Ағлаб садоҳое, ки аз расонаҳои ин кишвар шунида мешавад ба ситоиш аз нақши ҳизби Коммунист дар иртиқои ҷойгоҳи Чин ва пирӯз омадан бар буҳрони саломатии ношӣ аз ҳамагирии вируси коруно, ки ин кишвар маншаи густариши ҷаҳонии он муаррифӣ шуда ихтисос дорад. 

Бо ин ҳол мунтақидон тайи солҳои ахир ва ба хусус аз замони зимомдории Си Тзин Пин борҳо саркӯби шадиди ҳаргуна мухолифати дохилӣ, боздоштҳои худсарона, нодида гирифтани ҳуқуқи ақаллияти мусулмони сокин дар минтақаи Синзён ва нақзи ҳуқуқи башар дар ин кишварро маҳкум кардаанд. 

Чин акнун қудрати дувуми иқтисодии ҷаҳон ба шумор меравад ва нақши таъсиргузорӣ дар муодилоти ҷаҳонӣ ифо мекунад бо ин ҳол ба рағми иддаои мақомоти Пекин мабнӣ бар решакан кардани фақри мутлақ, бар асоси оморҳо фақри нисбӣ ҳамчунон дар ин кишвар густурдааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *