ДУШАНБЕ, 19.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 май дар ҳошияи Форуми XVI байналмилалии иқтисодӣ «Русия ва кишварҳои Созмони ҳамкории исломӣ» — KazanForum 2025 ҷаласаи навбатии Шурои соҳибкорони Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, дар ҷаласа намояндагону вазорату идораҳо, корхона ва ширкатҳои давлатию хусусии ду давлат иштирок намуданд.
Иштироккунандагон дастовардҳо, имконияти мавҷуда ва нақшаҳои ояндаи ҳамкории тиҷоратию сармоягузориро байни Тоҷикистон ва Русия муҳокима намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия