Беш аз 85 дарсади содироти Тоҷикистон ба хориҷ аз ашёи хом иборат аст. Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, соли гузашта содироти коло 2 миллиарду 149 миллиону 600 ҳазор долларро ташкил дода, баландтарин нишондод дар таърихи истиқлолияти ҷумҳурӣ буда, нисбат ба соли 2020 афзоиш ба 52,8% ҳазор ё 742 миллиону 700 ҳазор долларо ташкил додааст.
Зимнан, воридоти коло дар соли гузашта 4 миллиарду 209,5 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2020 33,6 фоиз ё 1 миллиарду 58,6 миллион доллар афзоиш ёфтааст. Ба кишвар асосан маҳсулоти тайёри дорои арзиши иловагии баланд ворид мешавад.
Тавозуни савдо ҳамчунон манфӣ боқӣ монда, дар соли 2021 2 миллиарду 59 миллиону 900 ҳазор долларро ташкил дод.