Рубрики Хабарҳо

Русия ҷалби муҳоҷирон ба сохтмонҳоро осонтар мекунад

Владимир Путин, раисҷумҳурии Русия дастури осонсозии ҷалби муҳоҷирон ба бахши сохтмони кишварашро содир кард.

Ба гузориши хабаргузории Спутник , Владимир Путин дастур дода аст, ки кабинаи вазирон то рӯзи аввали моҳи марти 2021 мавзӯи осонсозии ҷалби коргарони хориҷӣ аз ҷумла шаҳрвандони ИДМ-ро ба бахши сохтмони кишвараш, ки ба далели густариши Ковид 19 бо буҳрони камбуди нерӯ рӯбарӯ шуда , ҳаллу фасл кунад.

Вазорати сохтмони Русия иттилоъ медиҳад, ки дар ҳоли ҳозир камбуди 1 500 000 коргари муҳоҷир дар бахши сохтусози ин кишвар эҳсос мешавад, ки сокинони бӯмӣ наметавонанд ҷои ононро пур кунанд.

 Коршиносон мегӯянд, ки аз наздик ба 2 миллион нафари муҳоҷирони тоҷик дар Русия беш аз 65 дарсад дар бахши сохтмон фаъолият мекарданд, ки ба далели густариши вируси корона теъдоди зиёде бекор монданд. Иддае ҳам аз Тоҷикистон дар пайи баста шудани марзҳо натавонистанд дар соли 2020 ба Русия раванд.

 Инак бо иҷро нашудани барномаи сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар Русия аз баҳори имсол барномаи осонсозии ҷалби дубораи коргарони муҳоҷири хориҷӣ бо мурооти муқаррароти беҳдоштӣ амалиётӣ хоҳад шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *