Трамп: бо фарқ аз раисҷумҳурҳои қаблӣ ҳеҷ ҷанги наверо оғоз накардам
Як рӯз пеш аз тарки Кохи Сафед, Доналд Трамп дар охирин суханронии худ хитоб ба миллати Амрико дастовардҳои давлати худро таҳсин кард. Ў гуфт, ки дар давра зимомдорияш тавониста «азамат ва сарбаландии Амрико»-ро бори дигар эҳё кунад.
Суханронии рӯзи сешанбе 19 январи Донлад Трамп охирин суханронии расмии ӯ дар мақоми риёсатҷумҳури Амрико ба шумор меояд. Трамп аз ин фурсат барои ситоиши муҷаддад аз худ баҳра гирифт ва аз дастовардҳои азими давра зимомдории худ сухан гуфт.
Дар ин паёми видеоӣ, Трамп ба баршумурдани дастовардҳои иқтисодӣ ва ҳамчунин муваффақиятҳои давлати худ дар арсаи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ пардохт ва гуфт, ки давлати ӯ тавониста «сурури Амрико» дар хориҷ аз марзҳои кишвар ва «сарбаландии Амрико» дар дохили кишварро эҳё кунад.
Трамп гарчи барои давлати ояндаи Амрико орзӯи муваффақият кард, аммо номе аз Ҷо Байден ва Камала Ҳаррис набурд. Трамп дар паёми видеои 20-дақиқаии худ аз давлати ҷадиди Амрико дархост кард «ҷаҳон бори дигар ба мо эҳтиром мегузорад. Хоҳиш мекунам, ки ин эҳтиромро аз байн набаред.»
Тррамп дар бахши дигаре аз паёми видеоии худ гуфт ба худ меболад, ки ягона раисҷумҳури Амрико тайи даҳаҳост, ки ҳеҷ ҷанги ҷадидеро оғоз накардааст.
Ӯ ҳамчунин аз муваффақияти давлати худ дар муқобила бо вируси коруно сухан гуфт. Ин дар ҳоле аст, ки шумори қурбониёни корунои Амрико дар рӯзи ҷо ба ҷои қудрати сиёсӣ дар ин кишвар ба 400 ҳазор нафар расидааст.
Бояд ёдовар шуд, ки ӯ дар паёми видеоии худ низ аз пазириши шикаст дар интихоботи рӯзи 3 ноябр иҷтиноб варзид. Трамп дар маросими таҳлифи Ҷо Байдан ширкат намекунад.