ДУШАНБЕ, 19.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро дар соҳаи нақлиёт густариш диҳанд. Ин тасмим дар нишасти 2-юми вазирони нақлиёт дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин», ки дар Остона баргузор гардид, гирифта шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Роҳбарони мақомоти нақлиётӣ дар хусуси вазъи соҳаи нақлиёт дар минтақа ва ҷаҳон ибрози назар намуда, имконоти истифодаи пурраи иқтидори ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва гуманитарӣ байни Чин ва давлатҳои Осиёи Марказиро баррасӣ намуданд.
«Ҷаҳони муосир хатарҳои нав пеш меорад ва моро водор месозад, ки дар самти рушди инфрасохтори устувор, боэътимод ва самараноки нақлиёт ҳамгироӣ ва мувофиқати бештар дошта бошем. Дар ин замина мулоқоти имрӯза далели он аст, ки ҳамкории нақлиётӣ дар низоми муносибатҳои дуҷониба ва бисерҷонибаи мо ҷойгоҳи хосро ишғол менамояд», — иброз дошт Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим.
Азим Иброҳим изҳори итминон намуд, ки низоми самараноку бехатари нақлиётӣ асоси пешрафти иқтисодӣ, рушди устувор ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ байни кишварҳоямон мебошад.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон доир ба рушди хатсайрҳои мултимодалӣ, рақамикунонии долонҳои нақлиётӣ, тавсеаи ҳамлу нақли байналмилалӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти устувор бо назардошти рӯзномаи глобалӣ оид ба коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ, омода кардани мутахассисон ва мубодилаи таҷриба, таъсиси фазои умумии таълимӣ дар соҳаи нақлиёт, логистика ва муҳандисии нақлиётӣ сухан намуд.
«Тоҷикистон таҳияи чунин Барномаи ҳамкории бисёрҷонибаи нақлиётиро байни Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ зарур мешуморад. Он на танҳо лоиҳаҳои инфрасохторӣ, балки ташаббусҳо оид ба ҳамоҳангсозии меъёрҳо, таҳияи қарорҳои рақамӣ, рушди марказҳои логистикӣ ва татбиқи технологияҳои устуворро дар бар мегирад», — таъкид намуд Вазири нақлиёти Тоҷикистон.
Вазирон дар доираи мулоқоти шашҷониба ҷонибдории худро аз сода кардани ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва ба шакли электронӣ гузаронидани механизми табодули бланкҳои хориҷии иҷозатномаҳо (БХИ) изҳор намуданд.
Аз рӯи натиҷаҳои мулоқот Ёддошти тафоҳум байни мақомоти нақлиётии Чин ва Осиёи Марказӣ дар бораи таҳкими ҳамкорӣ оид ба табодули гуманитарӣ дар соҳаи нақлиёти устувор ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонии иҷозатномаҳо барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ байни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ қабул гардид.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон