Рубрики Pressa

Муҳоҷири тоҷик се кӯдакро дар Русия аз сӯхтор наҷот дод


Сайидвалӣ Шарипов, зода ва шаҳрванди Тоҷикистон, дар шаҳри Екатеринбурги Русия се кӯдакро аз сӯхтор наҷот дод. Дар бораи ин ҳодиса  Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия расман хабар додааст.

Тавре манбаъ мегӯяд, 14-уми майи соли равон Сайидвалӣ ҳангоми харидории дору садои кӯдаки фиғонкунандаро шунида, бидуни таъхир ба хонае, ки оташ гирифта буд, ворид мешавад. Ӯ бо ба хатар андохтани ҷони худ аввал як кӯдакро берун меорад, сипас дубора ба дохили хона баргашта, ду тифли дигарро низ наҷот медиҳад.

Худи Сайидвалӣ дар суҳбат бо масъулин гуфтааст: “Коре, ки ман анҷом додам, барои ман қарз буд. Ҳар касе, ки дар ҷойи ман мебуд, ҳамин гуна рафтор мекард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *