Рубрики Хабарҳо

Зеленский дар остонаи кумаки молии бузурги Амрико ба Вашингтон меравад

Расонаҳои амрикоӣ гузориш доданд, ки Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин, имрӯз, чаҳоршанбе ба Амрико сафар хоҳад кард. Ин аввалин сафари расиҷумҳури Укроин баъди шурӯъи ҷанг аст.

Сафари ӯ як рӯз пас аз он сурат мегирад, ки намояндагони Кунгураи Амрико будҷаи кумакҳои изтирорӣ ба Укроинро ба арзиши 45 миллиард доллар тарҳ карданд. 

Ин маблағ бештар аз дархости 37 миллиардии ҳукумати Байден аст ва нишон медиҳад, ки Амрико феълан ба кумак ба Укроин барои идомаи ҷанг бо Русия мутааҳҳид мемонад. 

Зеленский илова бар дидор бо Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико қарор аст барои намояндагони Кунгура низ суханронӣ кунад. 

Як рӯз қабл аз барномаи сафараш ба Амрико, Зеленский дар умқи минтақаи ҷангӣ ва ба шаҳри Бахмот, дар устони Донтск сафар кард. Дар видеое, ки дафтари Зеленский аз дидораш аз Бахмот нашр кард, ӯ парчами Укроинро аз сарбозон мегирад ва ваъда медищад, ки онро ба раҳбарони Амрико таҳвил диҳад. 

Зеленский дар ин видео гуфт: “онҳо байрақи зебои Укроинро бо имзоҳояшон ба ман сипурданд то онро мунтақил кунам. Мо дар шароити осонӣ нестем. Душман дар ҳоли тақвияти артиши худ аст. Мардуми мо шуҷоътар ҳастанд ва ба силоҳҳои қавитаре ниёз доранд. Ман инро аз сарбозон мегирам ва ба Кунгура ва раисҷумҳур Байден мунтақил мекунам. Мо аз кумакҳои онҳо муташаккирем аммо ин кофӣ нест.” 

Ин сафари Зеленский дар охирин рӯзҳои раёсати Нэнси Пелоси бар Кунгура анҷом мешавад. Раёсати Маҷлиси намояндагон дар авоили соли оянда ба ҷумҳурихоҳон мунтақил мешавад. Ҳарчанд ҳимоят аз Укроин бо риёсати ҷумҳурихоҳон низ идома хоҳад дошт аммо бархе аз аъзои ҳизби ҷумҳурихоҳ дар бораи ҳазина ва муддати ҳимоятҳои Амрико аз Укроин нигаронии худро иброз кардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *