Рубрики Хабарҳо

Пешниҳоди бастаи 11 моддаии Ҷамъияти исломӣ ба Ғанӣ

Бастаи пешниҳодии Ҷамъияти исломии Афғонистон гуфтугӯҳо дар бораи сарнавишти вилояти Балхро ба бунбаст кашидааст.

Ба гузориши “Форси.ру”  манобеъе аз ҳукумат  мегӯянд, ки Ҳукумати Афғонистон ҳозир ба пазириши пешниҳодҳои ҳайати Ҷамъияти исломӣ нашуд ва ду тараф то кунун ба натиҷае даст наёфтаанд.

Пас аз барканории  Ато Муҳаммад Нур аз вилояти Балх, Ҷамъияти исломӣ ва оқои Нур бо ин тасмими ҳукумат мухолифат карда ва ҳозир ба пазириши волии тоза муаррифишуда нестанд ва ҳайате ба манзури хатми ҷанҷолҳо миёни ду тараф муайян гардид то қазияро ҳал  намоянд.

Ҳайати музокиракунандаи Ҷамъияти исломӣ дар ҷараёни гуфтугӯҳо як бастаи 11 моддаиро ба намояндагони Раёсатҷумҳурӣ пешниҳод кардааст.

Намояндагони Ҷамъияти исломӣ ва Арг пас аз барканории Ато Муҳаммад Нур аз мақоми вилояти Балх ва муташанниҷ шудани ин мавзӯъ, ҳафт бор то кунун дар ин масъала гуфтугӯ кардаанд.

Дар ин бастаи пешниҳодӣ  Ҷамъияти исломӣ  бар тамдиди вазифаи оқои Нур ба сифати волии Балх таъкид кардааст.

Ҳамчунон  аъзои ҷамъият хостаанд, ки комиссияи таъдили қонуни асосӣ то як моҳи дигар ташкил шавад ва рӯи мавориди таъдил дар Қонуни асосӣ кор намоянд.

Онон ҳамчунон хоҳони таъдили Қонуни интихобот дар ҷараёни ду моҳ шуда ва бар гузиниши дубораи аъзои комиссияҳои интихоботӣ таъкид варзидаанд.

Эъломи ҷадвали замонии интихоботи парлумонӣ ва шӯроҳои шаҳр то чаҳор моҳи дигар аз хостаҳои дигари Ҷамъияти исломӣ будааст.

Ҷамъияти исломӣ аз ҳукумат хостааст, ки Луи Ҷирга таъдили қонуни асосиро 10 рӯз пас аз эъломи натиҷаи интихоботи парлумонӣ баргузор кунанд.

Ҷамъияти исломӣ бар оғози бедаранги раванди тавзеъи шиносномаҳои электронӣ пофишорӣ  кардааст.

Намонидагони Ҷамъияти исломӣ бар амалӣ шудани тавофуқномаи сиёсии ташкили ҳукумати Ваҳдати миллӣ таъкид карда  гуфтаанд, ки ҳукумат бояд дар пайванд ба ҳамлаи интиҳорӣ дар маросими ҷанозаи Солим Эзадёр маълумот  пешниҳод  кунад.

Ҳайати Ҷамъият  бар эҷоди шӯрои олии раҳбарони ҷиҳодӣ ва сиёсӣ бо ҳадафи таҳкими муносиботи давлат бо мардум таъкид карда ва ҳамчунон гуфтааст, ки комиссияи татбиқи тавофуқномаи ҷамъияти исломӣ бо Арг ва имзои ин тавофуқнома аз сӯи раисҷумҳур Ғанӣ ва Салоҳуддин Рабонӣ сурат гирад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *