Рубрики Хабарҳо

Дар канори шоҳроҳҳои Ӯзбекистон масоҷид бунёд мешаванд

Мақомоти Ӯзбекистон тасмим гирифтаанд дар канори шоҳроҳҳо ва кӯсаҳои бузурги ин кишвар масқилҳои кӯчак барои роҳгузарон бунёд кунанд.

Қарор аст ин масҷидҳо мушкили сокинон ва меҳмонони Ӯзбекистон, аз ҷумла сайёҳони хориҷиро дар шаҳру ҷодаҳои ин кишвар дар ҷустуҷӯи ибодатгоҳ осон кунад. Ин масоҷиди кӯчак дорои таҳоратхона ва истироҳатгоҳ ҳам хоҳанд буд.  

Қарор аст ба зудӣ 22 адад аз ин гуна масоҷид дар пойтахти ин кишвар шаҳри Тошканд бунёд гардад.

Қаблан Кумитаи дини Ӯзбекистон тасмим гирифта буд меҳмонхонаҳои ин кишварро бо ҷойнамоз ва китоби Қуръон таъмин намуда, нишонаи қибларо дар онҳо сабт кунад.

Баъди раисҷумҳури Ӯзбекситон интихоб шудани Шавкат Мирзиёев озодиҳои динӣ дар ин кишвар бо суръат бештар мешаванд. Иҷозати азон бо баландгӯяк, озодии маҳбусони динӣ, тасмими бунёди Донишгоҳи ҳадисшиносӣ дар Бухоро, ташкили мусобиқаҳои қуръонхонӣ, иҷозаи бунёди масоҷид дар саросари кишвар аз ҷумлаи ин озодиҳои динӣ ҳастанд.   

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *