Маҳмудҷон Файзраҳмонов, масъули равобити хориҷии ҲНИТ гуфт ҳукумати Тоҷикистон аз қонунхои шадидан маҳдудкунанда, амалҳои ғайриқонунӣ ва гаравгонгирии хонаводаҳои фаъолони сиёсӣ ба хотири манъи хабарҳои мустақил истифода мекунад.
Файзраҳмонов зимни баромадаш дар нишасти САҲА аз маҳдудкунии шадиди шабакаҳои иҷтимоӣ, каналҳои ахбори алтернативӣ ва сайтҳои мустақил ҳарф зад ва гуфт мақомот барои бастани даҳони мухолифин ва фаъолон ба хонаводаи онҳо фишор меоранд.
“Вақте барои сафар ба Варшава ба хотири ширкат дар ин конфронс омодагӣ мегирифтам, писари 8-солаам пурсид: «Дада, шумо боз барнома мекунед, онҳо бибиамро ғам медиҳанд.» Ман ба ӯ гуфтам: «Бачаҷон, онҳо на танҳо бибии шумо, балки бибиҳои хеле кӯдакони тоҷикро ғам медиҳанд»” — қисса кард масъули ҲНИТ.
Ӯ гуфт модараш Маснавихон Файзраҳмонова, ки 63 сол дорад аз тарафи маҷомоти амниятӣ борҳо ба хотири фаъолиятҳои писараш, мисли ширкат дар ин конфронс, бозҷӯӣ кардаанд.
“Фаъоли сиёсӣ будан дар Тоҷикистон на танҳо кори осоне нест, балки хеле ва хеле хатарнок аст” — изҳор дошт Файзраҳмонов.