Ду бародари раиси Кумитаи шаҳрвандии дифоъ аз зиндониён ва асирони сиёсӣ Абдусаттор Бобоев аз тарафи Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил боздошт шудаанд.
Саидаҳмад ва Фазлиддин Бобоевҳо дирӯз ба идораи РМҶМ бурда шуда аз онҳо дархост гардидааст дар ск сабти видеоӣ барои даъвати бародарашон ширкат кунанд. РМҶМ барои ин кор Оятуллоҳ Гиляевро ҳам даъват кардааст.
Тибқи иттлоъи манбаъ, Саидаҳмади 45 сола бо Гиляев вориди баҳс шудааст ва ба ширкат дар сабти навори дигар розӣ нашудааст. Қаблан мақомот ӯро маҷбур карда буданд дар сари қабри модараш ба Абдусаттор Бобоев муроҷиъат кунад.
Бобоев Фазлиддин, ки 39 сол дорад, соли гузашта ҳам баъди як рӯзи даргузашти модараш аз тарафи КДАМ боздошт ва мавриди латукӯб қарор гирифта буд.
Аввали моҳи июн Бобоев Сайидаҳмад, аз тарафи кормандони РМҶМ (УБОП) ба қабристон бурда шуд. Ӯро маҷбур карданд сари қабри модараш ба бародараш муроҷиъати видеоӣ намояд ва ӯро даъват ба даст кашидан аз мубориза ва баргаштан ба ватан кунад. Эътирози Сайидаҳмад мабнӣ бар ин ки дуруст нест сари қабри модар чунин кореро анҷом дод, боис шуд кормандони пулис таҳқирҳои бузургтари лафзӣ алайҳи ӯ истифода кунанд. Камтарин таҳқире, ки нисбаташ карданд ин буда, ки “хоҳаронатро меорем ва сарашонро луч карда ба навор мегирем”.
Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилро Ҳафиззода Шодӣ Хуршед, ҷияни вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода раҳбарӣ мекунад.
Як ҳафта пас хоҳари Абдусаттор Бобоев — Моҳишамс Бобоеваро кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба идораашон бурданд. Қаблан ҳам мақомот Тоҷикистон болои ин хонавода чунин намуд фишорҳоро раво дида буданд. Дар бораи яке аз чунин фишорҳо Паём иттило дода буд.
Рӯзи 16 августи соли 2017 модари Эшони Абдусаттор, ки дар хориҷи кишвар ба сар мебарад, аз дунё гузашта буд. Ҳамагӣ ду рӯз пас -18-август кормандони бахши Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба хонаи маййит омада, хоҳар ва ду бародари Эшони Абдусатторро ба идораи ин Кумита бурданд.
Баъди бозпурсӣ хоҳари Эшон Бобоева Моҳишамс ва бародараш Бобоев Сайидисҳоқро ҷавоб доданд, вале додари калониаш Бобоев Фазлиддин то бегоҳ дар боздошт қарор дошт. Вақте бегоҳ Фазлиддинро ҳам ҷавоб доданд, маълум гардид, ки сахт латукӯб шудааст.
Мусибати хонаводаи модаргумкарда бо ин тамом нашуд. Баъди як соати раҳоӣ, Фазлиддин дубора аз тарафи кормандони КДАМ боздошт ба бахши КДАМ дар ҷамоъати Чортути ноҳияи Рӯдакӣ бурда шуд.
Қабл аз ин, вақте Бобоева Моҳишамс ҳангоми дар табобат қарор доштани модараш дар Теҳрон, мехост ба онҷо сафар кунад, бидуни ҳеҷ далел ва айбе аз фурӯдгоҳ бозпас гардонида шуд.
Боздошти мусибатзадагон аз хонаводаи маййит аз тарафи КДАМ бори аввал нест. Барои мисол, наздикони Абдусатторов Абдусамад, узви дигари ҲНИТ баъди даргузашти модараш аз хонаводаи ӯ боздошт ва бозпурсӣ шуда буданд. Гуфтанист, ки модари Абдусамад баъди фишору бозпурсӣ ва таҳдиди кормандони Кумитаи амният аз фишори баланди хун ва сактаи дил вафот карда буд.