Рубрики Хабарҳо

Низомиёни тоҷику 7 кишвари дигар дар Русия машқи низомӣ мекунанд

Низомиёни Тоҷикистон, Русия, Чин, Покистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон машқи низомии муштарак барпо мекунанд.  Дар машқҳои низомии муштарак ҳудуди 130 ҳазор нафар сарбозу афсар ширкат хоҳанд кард.

Тавре дафтари матбуотии Вазорати мудофиаи Русия имрӯз хабар дод,  машқҳои низомии муштарак таҳти унвони “Марказ-2019” аз 16 то 21 сентябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.

Дар назар аст, машқҳои низомӣ дар майдонҳои набард ё полигонҳои Донгуз, Тотский ва Арданаки Русия анҷом шуда, дар он беш аз 20 ҳазор адад техникаи ҳарбӣ ва 600 адад ҳавопаймои ҷангӣ истифода хоҳад шуд.

Соли 2015 дар ингуна машқи низомии муштарак ҳудуди 95 ҳазор низомӣ, 7 ҳазор адад техникаи ҳарбӣ, 170 ҳавопаймо ва 20 киштии ҷангӣ ширкат доштанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *