Рубрики Хабарҳо

Монеъаи нави Бонки миллӣ дар роҳи интиқоли пул

Бонки миллии Тоҷикистон аз 1-уми сентябр системаи миллии интиқоли пулро ҷорӣ мекунад. Баъди ин системаҳои байналмиллалии интиқоли пул, аз ҷумла системаҳои русӣ, танҳо дар ҳаҷми пешпарохте, ки БМТ кардаанд, метавонанд маблағ интиқол диҳанд. Дар ин бора рӯзномаи русии “Коммерсант” хабар медиҳад.

Бонки миллии Тоҷикистон системаҳои русӣ ва байналмиллалии интиқоли пулро огоҳ кардааст, ки аз 1 сентябр барои кор бо ширкаткунандагони ин бозор системаи миллиро ба роҳ мемонад. Аз он ба баъд, бонкҳои Тоҷикистон наметавонанд бо ситемаҳои интиқол ба таври мустақим ҳамкорӣ кунанд. Ин ҳамкорӣ бояд тавассути системаи нави миллӣ сурат гирад. Дар ҳамин ҳол, барои ҳамкорӣ бо бонкҳои Тоҷикистон тамоами системаҳои интиқоли пул, бояд дар БМТ ҳисоби корреспондентӣ боз кунанд ва интиқол танҳо дар сурати дар ин ҳисобҳо мавҷуд будани маблағ имкон дорад.

Сухан аз ҳаҷми баробар ба беш аз $2,5 млрд дар сол меравад. Бонки марказӣ ва Вазорати молияи Русия гуфтаанд ба зудӣ ба ҳали ин масъала хоҳанд пардохт, аммо то оғоз ба кори системаи нав ҳамагӣ 10 рӯз мондааст. 

Дар БМТ ба “Корреспондент” гуфтаанд, ки ҳадаф аз ҷорӣ кардани системаи нав “ҳифзи суботи системаи бонкии Тоҷикистон дар соҳаи гардиши пул, коҳиши рискҳои амалиётӣ ва масрафҳо, AML ва шаффофияти амалиёт, решакансозии қаллобӣ дар бозори интиқоли пул” мебошад.     

Тибқи иттилоъи манбаъ, ин усул дар ҳеҷ кишвари ИДМ роиҷ нест ва ба қонунгузории Русия мухолифат дорад. “БМТ тасмиме гирифтааст, ки дар асл дастрасии мустақими системаҳои интиқоли пул ба бозори молиявии Тоҷикистонро манъ мекунад” – маневисад “Корреспондент”. 

Коршиносони тоҷик ҳам мегӯянд ин кор метавонад қимати интиқоли пулро боло барад. 

“Агар системаҳои интиқоли пулӣ мехоҳанд дар бозор бимонанд, бояд ҳади ақал $200 млн пешпардохт дошта бошанд. Интиқоли пул ба Тоҷикистон асосан тавассути се система амалӣ мешавад. Агар ҳар сеи ин система ба ҳамкорӣ розӣ шуданд, бояд ҳудуди $70 миилионӣ пешпардохт дошта бошанд. Дар асл даромад аз интиқоли маблағ хеле ночиз аст ва дар гумон, ки системаҳо ба ин пешпардохти бузург розӣ шаванд. Магар дар ҳолате, ки комиссияи интиқолро боло баранд”, – мегӯяд коршинос Абдуманнон Шералиев. 

Ба андешаи ӯ ҳадаф аз ҷорӣ кардани системаи нав бо гумони ғолиб ба даст овардани фоида аст. Яъне БМТ ҳам метавонад комиссияи худашро барои интиқоли маблағ талаб кунад. Коршинос ба ин назар аст, ки комиссия интиқоли пул ҳади ақал 1% боло меравад. 

Худи системаҳои интиқоли пулӣ то ҳол ба ин тасмими БМТ вокунише нишон надодаанд.   

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *