Рубрики Хабарҳо

Вакилон: барои набастани ниқоб ҷарима таъин шавад

Дар  палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон иддае аз вакилон пешниҳод кардаанд, ки ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии кишвар тасҳеҳ ворид карда шавад.

Мувофиқи ин ташаббуси вакилон, барои риоя накардани ба истилоҳ “реҷаи ниқобпӯшӣ” бояд ҷарима ҷорӣ кардашавад.

Дар ин бора хабаргузории  “Азия-Плюс” бо такя ба  манбааш дар  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ хабар дода, навиштаст, ки “вакилон бо сабаби дар кишвар на аз ҷониби ҳама риоя шудани қарори ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба ҳатман ниқоб доштан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, марказҳои савдо ва нақлиёт, ин масъаларо ба миён гузоштанд”.

Айни замон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо шахсоне, ки бе ниқоб гаштугузор мекунанд, танҳо сӯҳбат гузаронида, онҳоро огоҳ мекунанд.

Тибқи иттилои манбаъ, гурӯҳи вакилони парлумон ҳамчунин пешниҳод кардаанд, ки талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар бахши риояи қоида ва меъёрҳои санитариву гигиенӣ ва санитариву эпидемиологӣ низ пурзӯртар карда шавад.

Айни замон барои риоя нашудани ин меъёрҳо ба маблағи аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст. Вакилон боло бурдани ҳаҷми ин ҷаримаро ба маблағи аз 174 то 406 сомонӣ пешниҳод мекунанд.

Вобаста ба пандемия дар Тоҷикистон расман карантин эълон нашуда, лекин рӯзи аввали эълони ҳолатҳои аввали ошкор шудани сироят дар кишвар, Ситоди ҷумҳуриявии пешгирии паҳншавии пандемияи COVID-19 қарор кард, ки пӯшидани ниқобҳои тиббӣ барои ҳама шаҳрвандони кишвар ҳатмӣ аст.

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *